Беларус мақомҳои Иттиҳодияи Аврупоро таҳрим кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i57977-Беларус_мақомҳои_Иттиҳодияи_Аврупоро_таҳрим_кард
Давлати Беларус дар иқдоми ҷавобӣ таҳримҳоеро алайҳи мақомҳои Иттиҳодияи Аврупо эълон кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 02, 2020 18:00 Asia/Dushanbe
  • Беларус мақомҳои Иттиҳодияи Аврупоро таҳрим кард

Давлати Беларус дар иқдоми ҷавобӣ таҳримҳоеро алайҳи мақомҳои Иттиҳодияи Аврупо эълон кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Райтер , вазорати хориҷаи Беларус рӯзи ҷумъа эълом кард,ки давлати ин кишвар дар посух ба таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо , феҳристи таҳримӣ алайҳи мақомоти ин ниҳод таҳия карда аст .

 Сарони Иттиҳодияи Аврупо бомдоди ҷумъа мувофиқат карданд,ки ба далели танишҳо дар Беларус ва ончи вуқуъи тақаллуб дар интихоботи раёсати ҷумҳӯрии ин кишвар хонданд , таҳримҳоеро алайҳи Минск эҷод кунанд .