Алиев: мавзеъи Эрон дар муноқишаи Қарабоғ одилона аст
(last modified Thu, 08 Oct 2020 13:12:05 GMT )
Октябр 08, 2020 18:12 Asia/Dushanbe
  • Алиев: мавзеъи Эрон дар муноқишаи Қарабоғ одилона аст

Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон мавзеъгирии Ҷумҳурии Исломии Эронро дар муноқиша миёни кишвараш ва Арманистон одилона донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон, Илҳом Алиев дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизеонии Си Эн Эн-и  турк гуфт : мақомҳои расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ҳаққи Ҷумҳурии Озарбойҷон таъкид доранд .
Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон  афзуд : мақомҳои Эрон дар баёнияҳои ахири худ дар робита бо муноқишаи Қарабоғ гуфтанд, ки бояд тамомияти арзии кишварҳо муҳтарам шинохта шавад ва оворагони ҷангӣ ба хона ва кошонаи худ баргарданд, ки он низ мавзеъи одилона аст .
Бомдоди 27 сентябри гузашта  даргирӣ миёни низомиёни Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон бар сари минтақаи Қарабоғ дар марзҳои муштараки ду кишвар аз сар гирифта шуд .
Дар моҳи июли гузашта низ даргирии маҳдуди низомӣ байни нерӯҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистони мунҷар ба талафоти ҷонии ҳар ду тараф шуд .
Ҷанги лафзӣ ва бархе таҳаррукоти дипломатик ба таниш дар минтақаи Қафқоз доман зада ва бори дигари бархӯрди низомии ин ду кишварро рақам задааст .