Октябр 09, 2020 19:18 Asia/Dushanbe
  • Нишасти ҳалли буҳрони Қарабоғ имрӯз дар Маскав баргузор мешавад

Вазирони хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон имрӯз ба даъвати Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар нишасте, роҳҳои ҳаллу фасли буҳрони Қарабоғро баррасӣ мекунанд.

Ба гузориши ИРНА, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия ба расонаҳо гуфт, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия рӯзи панҷшанбе дар баёнияе аз вазирони умури хориҷаи Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон барои ройзанӣ дар бораи сулҳ дар Қарабоғ дар рӯзи ҷумъа, нуҳуми октябр ба Маскав даъват кардааст.

Кохи Кремл панҷшанбешаб дар баёнияе эълом кард, раиси ҷумҳурии Русия пас аз чанд бор гуфтугӯи телефонӣ бо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ва Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон таваққуфи иқдомоти ҷангӣ дар минтақаи муноқишаи Қарабоғ ба манзури мубодилаи асирон ва аҷсоди кушташудагонро хостор шудааст.

Вазъияти минтақаи Қарабоғ аз даҳ рӯзи пеш муташанниҷ шудааст ва Арманистону ҷумҳурии Озарбойҷон якдигарро ба оғози ҷанг муттаҳам кардаанд.

Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ин муноқиша бо такя бар асли ҳифзи тамомияти арзии кишварҳо, хостори поёни ишғолгарии Арманистон шудаву аз сӯи дигар тарафи арманӣ бо истинод ба асли ҳақи таъини сарнавишт бар ба расмият шинохтани ҳуқуқи арманҳо дар ин минтақа таъкид кардааст.

Русия ба унвони яке аз сарони гурӯҳи Мински Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз ду даҳа пеш барои ҳалли масъалаи Қарабоғ талош мекунад, аммо то кунун ин талошҳо бенатиҷа мондааст.

 

 

 

 

Барчасп