Октябр 11, 2020 16:34 Asia/Dushanbe
  • Муовини Ашрафғанӣ: Толибон музокиротро ба бунбаст кашондааст

Муовини дувуми раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфт, Толибон бо пофишорӣ бар гунҷонидани мавзӯоти хос дар музокироти сулҳ, раванди гуфтугӯҳоро ба бунбаст кашондааст.

Сарвар Дониш дар Кобул гуфт, Толибон бо ташдиди ҷанг, напазируфтани оташбас ва исрор бар гунҷонидани мавзӯоти хос дар дастури кори музокироти байни афғонҳо, сабаби шикасти музокироти Қатар шудааст.

Вай бо ишора ба ихтилофи назари давлати Афғонистон ва Толибон барои таъйини дастури кори музокирот афзуд, Толибон исрор дорад тавофуқномаи ин гурӯҳ бо Амрико дар Доҳа мабнову марҷаи ҳамачиз бошад, дар ҳоле ки давлат пешниҳод кардааст, ки мабнои ҳама чиз Қуръону суннат ё шариат бошад, аммо онҳо акнун барои касби қудрат аз шариат ҳам шона холӣ мекунанд.

Сарвар Дониш пеш аз ин низ бо таъкид бар идғоми Толибон дар низоми ҷумҳурии исломии Афғонистон гуфта буд, ки ин гурӯҳ метавонад аз тариқи интихоботи порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ ба аҳдофи сиёсиаш даст пайдо кунад.

Музокироти байналафғонӣ ҳудуди як моҳ пеш дар Қатар оғоз шуда, аммо то кунун натиҷае надоштаву ҷанг миёни тарафҳои даргир ташдид шудааст.

 

 

Барчасп