Октябр 13, 2020 11:35 Asia/Dushanbe
  • Вируси корона 28 рӯз рӯи эскинос ва телефони мобилӣ мондагор аст
    Вируси корона 28 рӯз рӯи эскинос ва телефони мобилӣ мондагор аст

Олимон ба ёфтаҳои ҷадиде даст ёфтаанд, ки нишон медиҳад вируси корона то 28 рӯз метавонад рӯи сутуҳе монанди эскинос зинда бимонад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон, бар асоси ёфтаҳои « ожонси илмӣ- миллии Австралия » вируси корона метавонад дар ҳароратҳои 20 дараҷа, ки тақрибан ҳарорати хонагӣ аст ва дар торикӣ то 28 рӯз ба сатҳи монанди банкнот, телефонҳои мобилӣ ва пӯлоди зангногир боқӣ бимонад.
Бо ин ҳол, ин озмоиш дар торикӣ ба анҷом  расид ва бар асос ёфтаҳои қаблӣ, нури фаробанафш ( UV ) метавонад вирусро аз байн  бибарад.
Тадқиқот, ки дар маҷаллаи Virology Journal нашр шудааст, нишон дод, ки вируси корона дар муддати кӯтоҳтар дар ҳарорати гарм назар ба ҳарорати хунуктар зинда монд; Дар баъзе сатҳҳо, вирус дар давоми 24 соат дар 40 дараҷа ҳолати сироятии худро гум кардааст.
Бо ин ҳол, бархе муҳаққиқон дар бора таҳдиди воқеии интиқоли вируси корона аз сутуҳи мухталиф ба инсон дар зиндагии воқеӣ шакку тардидҳо  доранд ва мӯътақиданд корона ғолибан замоне, ки афроди сурфа, атса ва ё сӯҳбат мекунанд мунтақил мешавад .
Бо ин вуҷуд, шавоҳиде дар даст аст, ки нишон медиҳад ин вирус метавонад аз тариқи зарроти муъаллақ дар ҳаво низ мунташир шавад .
Пеш аз ин тестҳои озмоишгоҳӣ нишон дода буд вируси корона метавонад ду то се рӯз бар рӯйи эскинос , шиша ва низ то 6 рӯз бар рӯи пластик ва фӯлоди зидди занг зинда бимонад .

Барчасп