Эъломи расмии торихи финали футболи Лигаи қаҳрамонони Осиё
Октябр 16, 2020 19:21 Asia/Dushanbe
Конфедератсиюни Футболи Осиё расман замони финали Лигаи қаҳрамонони Осиёро эълом кард.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Конфедератсиюни Футболи Осиё рӯзи ҷумъа расман эълом кард, мусобиқаи ниҳоии Лигаи қаҳрамонони Осиё рӯзи шанбе (19 декабр) ба мизбонии Доҳаи Қатар баргузор хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир тими “Персполис”-и Эрон бо пирӯзӣ муқобили тими “Аннаср”-и Арабистон, яке аз финалистҳои Лигаи қаҳрамонони Осиё аст. Ҳарифи “Персполис” аз байни тимҳои қудратманди чинӣ, кореӣ, ҷопонӣ ва ё австралияӣ хоҳад буд.