Октябр 18, 2020 14:48 Asia/Dushanbe

Инфиҷори худрави бомбгузорӣ шуда дар вилояти Ғӯри Афғонистон 10 кушта барҷо гузошт.

Ба гузориши ИРНА, дар ин инфиҷор, ки субҳи якшанбе муқобили фармондеҳии пулиси Ғӯр рӯй дод 20 нафар низ захмӣ шуданд, ки ҳоли шуморе аз захмиҳо вахим гузориш шуда ва шумори қурбониёни ин ҳодиса низ рӯ ба афзоиш аст.  

Рӯзи гузашта низ инфиҷоре дар шаҳри Фирӯзкӯҳ, маркази вилояти Ғӯр дар масири як худрави мусофирбарӣ рӯй дод, ки барасари он шаш ғайри низомӣ кушта шуданд.  

Токунӯн шахс ва ё гурӯҳе масъӯляти ин ду инфиҷорро бар ӯҳда нагирифтааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Даҳҳо кушта ва захмӣ бар асари ҳамлаи террористӣ дар Афғонистон

 

Даргирии неруҳои давлатии Афғонистон бо шибҳи низомиёни Толибон дар минтақаи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон

 

Барчасп