Октябр 18, 2020 19:26 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи интихоботии Трамп барои сафар ба сайёроти дигар

Раиси Ҷумҳурии Амрико бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти номуносибаш дар назарсанҷиҳои интихоботӣ ваъдаи сафар ба сайёроти дигарро матраҳ кард.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Раиси ҷумҳурии Амрико Доналд Трамп дар гирдиҳамоии интихоботии иёлоти  Висконсин муддаӣ шуд, ки Амрико нахустин кишваре хоҳад буд, ки мардуме аз он дар сайёраи Миррих фуруд меоянд ва нахустин кишваре аст зане аз он дар канори моҳ фуруд меояд.

Раиси ҷумҳурии Амрико дар ҳоле чунин иддаое кардааст, ки Илан Маск, директори SpaceX рӯзи ҷумъа гуфт, ки ширкати ӯ аввалин миссияи кайҳонии бесарнишини худро ба Миррих дар тӯли чор сол оғоз мекунад.

Эрик Трамп, фарзанди дуввуми Доналд Трамп, дар суханронии виртуалӣ ба Анҷумани ҷумҳурихоҳон изҳороти хандаоваре дар бораи сафари амрикоиҳо ба Марс кард ва гуфт, ки падари ӯ ба наздикӣ мардуми Амрикоро ба Марс мефиристад.

Дар шароите, ки натоиҷи назарсанҷиҳо ҳокӣ аз пештозии рақиби демократи Трамп Ҷо Бойден аст, Раиси Ҷумҳурии Амрико барои боло бурдани маҳбубияти худ назди раъёдиҳандагони амрикоӣ ба ибрози иддаоҳои ғайривоқеӣ рӯй овардааст.

Барчасп