Такрори беҳурматӣ ба Қуръон дар Шветсия
(last modified Sat, 24 Oct 2020 07:45:25 GMT )
Октябр 24, 2020 12:45 Asia/Dushanbe
  • Сеюмин бор дар яксоли ахир дар Шветсия ба Қуръон беҳурматӣ шуд
    Сеюмин бор дар яксоли ахир дар Шветсия ба Қуръон беҳурматӣ шуд

Чанд ҷавони ифротии шведӣ рӯзи ҷумъа дар иқдоме таҳқиромез як нусха аз Қуръонро муқобили порлумони Шветсия ба оташ кашиданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, як фаъоли зани мусулмон бо интишори видео ин иқдоми таҳқирмез аз мусулмонон хост, аз Қуръон ва дини Ислом дифо кунанд.

Пулиси Шветсия, ки ҳамвора дар баробари порлумони Шветсия ҳузур дорад барои ҷилавгирӣ аз ин беҳурматӣ ҳеч иқдоме накардааст.

Дар тазоҳуроти бидуни муҷаввиз ва зиддиисломии 28 август гурӯҳҳои ростгарои ифротии Шветсия дар шаҳри Malm ҳам як ҷилд Қуръон оташ зада шуд.

Чанде пеш низ як узви ҳизби ифротии "Hardline" Дания дар иқдоми таҳқиромез, як нусха аз Қуръонро дар маҳаллаи нажодпарасти “Rinkeby” Стокҳолми Шветсия ба оташ кашида буд.

Вокуниши духтари шведӣ ба сӯзондани Қуръон дар кишвараш

Ин иқдомот бо маҳкӯмияти густарда дар кишварҳои исломӣ мувоҷеҳ шудааст.

Шветсия дар моҳҳои ахир шоҳиди чандин ҳамла ва таарруз ба мусулмонон ва маконҳои исломӣ ва низ иҳонат ба Қуръон буда аст ва мусулмонони шведӣ токунӯн борҳои нигаронии амиқи худро аз иқдомоти исломситезона ва ҳамалот ба масоҷиду марокизи исломӣ дар ин кишвар баён карда ва ташдиди тадобири амниятӣ дар ҳифозат аз ин марокизро хостор шудаанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Бе ҳурматӣ ба Қуръон дар Дания

Эътироз ба қонӯни манъи ҳиҷоб дар Шветсия

Ташаруфи шаҳрванди шветсиявӣ ба дини мубини ислом дар Эрон