Афзоиши шумори мубталоён ва ҷонбохтагони вируси корона дар Ҳиндустон ва Афғонистон
-
Дар Ҳиндустон ва Афғонистон теъдоди одамоне, ки ба вируси корона мубтало ва фавт карданд, афзоиш ёфтааст.
Шумори мубталоён ва ҷонбохтагони вируси корона дар Ҳиндустон ва Афғонистон афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати беҳдошт ва рифоҳи хонаводаи Ҳиндустон рӯзи якшанбе эълом кард, дар 24 соати гузашта, панҷоҳ ҳазору яксаду бисту нуҳ ( 50129 ) нафари дигар дар ин кишвар ба вируси корона мубтало шудаанд, ки шумори кулли мубталоён ба ҳафт миллиону ҳаштсаду шасту чаҳор ҳазору ҳаштсаду ёздаҳ ( 7864811 ) нафар афзоиш ёфт.
Дар ҳамин ҳол эълом шуд, дар 24 соати гузашта , 578 нафари дигар дар Ҳинд бар асари корона ҷон бохтанд, ки шумори кулли ҷонбохтагон ба яксаду ҳаждаҳ ҳазору панҷсаду сию чаҳор ( 118534 ) нафар расидааст.
Бештар бихонед:
Вазорати беҳдошти Афғонистон ҳам эълом кард, 65 нафари дигар дар ин кишвар ба вируси корона мубтало шудаанд, ки шумори кулли мубталоён ба 40 ҳазору 833 нафар афзоиш ёфт.
Ҳамчунин, се нафари дигар дар Афғонистон бар асари вируси корона ҷон бохтанд, ки шумори кулли ҷонбохтагон ба як ҳазору 514 нафар расидааст .