Октябр 29, 2020 15:57 Asia/Dushanbe
  • мелоди муаллими башарият ҳазрати Муҳаммад (с) муборак бод  (Every green)
    мелоди муаллими башарият ҳазрати Муҳаммад (с) муборак бод (Every green)

Имрӯзҳо номи Муҳаммад (с) на танҳо бар сари забон ва дар синаи миллиардҳо мусалмон аст, балки равшанфикрони зиёде ҳам аз дину мазоҳиби дигар ва миллиятҳои гуногун бо мутолеа ва тааммул ба бузургии ӯ эътироф ва ба инсонияту хулқу рафтори ӯ дил бастаанд.

Душмании имрӯзи бархе тангназарон, мутаассибон ва зӯргӯён бо Ислом ва ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳолест, ки онон қудратро василае барои расидан ба аҳдофи муғризонаи худ қарор додаанд ва расонаҳоро дар таблиғи нажодпарастӣ, яҳудигароӣ ва таҳрими ақоиди дигарандешон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва Интернет  ба кор гирифтаанд ва ба заъми худ мехоҳанд ба чашми мардум хок бипошанду ба ақлу хиради онон чира шаванд то ҳақиқат ва озодии баёну андеша аз диди расона ва дурбини онҳо дида шавад.

 

 

Чӣ тавре дар ҳадис омадааст: “Соҳиби қудрат онро ба нафъи худ ба кор мебарад”.

 

 

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса касе аст, ки кишвараш озодии миллионҳо африқоӣ ва алҷазоириро буғӣ кардаву ҳазорҳо сари озодихоҳи алҷазоириро аз тан ҷудо кардааст, аммо ӯ дам аз озодии баёну андеша мезанад.

Дар ҳоле ки ҳаминҳо буданд, ки дар ивази карикатураи Мурис Сине дар соли 2008 дар нашрияи “Шарли Эбдо” дар бораи писари Николай Саркозӣ, раисҷумҳури вақти Фаронса, ба ӯ фишори беҳад ворид ва ӯро аз кор ихроҷ карда буданд.

 

Инҳое, ки таҳаммули карикатураи як писари яҳудигароро дар Фаронса надоштанд, акнун дам аз озодии баён мезананд ва тавҳин ба паёмбари Ислом (с) ва муқаддасоти миллионҳо мусалмонро ҳамчун “озодии баён” тавҷеҳ мекунанд.

 

Аммо дар гузашта ва имрӯз донишмандон, равшанфикрон ва ҳақиқатҷӯёни бегона аз Ислом низ ҳамеша дунболи роҳи ҳақ будаву дар баробари ҳаққонияти Ислом ва паёмбари он ҳазрати Муҳаммад (с) сари таъзим фуруд овардаанд ва ба эътирофи он нишастаанд. Чанд намуна аз онро пешкаши хонандаи гиромӣ мегардонем:     

 Реналд Ален Николсон

 

12 рабеулаввал (20.10.2020) ба ривояти аҳли суннат мелоди беҳтарин насли инсон, муаллими башарият ва хотами анбиё ҳазрати Муҳаммад Мустафо (с) аст, ки дар кишварҳои исломӣ мардум аз он таҷлил мекунанд.

Ҷон Де Фин Рот

 

Мелоди расули акрам (с) ба ривояти аҳли ташайюъ 17 рабеулаввал (03.11.2020)аст, ки ин ихтилофи тақвимӣ миёни аҳли тасаннун ва ташайюъ ба ибтикори бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон имом Хумайнӣ (р) Ҳафтаи Ваҳдат номгузорӣ шудааст.

Ҷорҷ Бернард Шоу

 

Агарчӣ дар таърихи валодати ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) миёни мусулмонон бар сари 12-ум ва 17-уми рабеулаввал ихтилофи назар вуҷуд дорад, аммо ин айём аз 12-уми рабеулаввал то кунун ба бузургмарде тааллуқ дорад, ки мелодаш оғози растгории ҷовидонаи башарият буд.

ҳадиси набавӣ

 

Охирин паёмбари Ҳақ, ки дар масири иблоғи каломи ваҳй - инсони ғарқ дар ҷаҳлу зулматро бо озодӣ ва саодати ҳақиқӣ ошно кард, дарҳои ҷаҳоне саршор аз некӣ ва росткирдориро ба рӯйи ӯ кушуд.  

 


 

Бештар бихонед:

 


 

Барчасп