Озарбойҷон ва Арманистон ба тавофуқи ҷадид даст ёфтанд
(last modified Sat, 31 Oct 2020 06:45:34 GMT )
Октябр 31, 2020 11:45 Asia/Dushanbe
  • Боку ва Ереван тавофуқ карданд аҷсоди куштаҳо ва асомии асиронро мубодила кунанд
    Боку ва Ереван тавофуқ карданд аҷсоди куштаҳо ва асомии асиронро мубодила кунанд

Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон тавофуқ карданд то дар муноқишаи худ бар сари Қарабоғ аз ҳадаф қарор додани ғайринизомиён ва манотиқи маскунӣ, худдорӣ кунанд.

Ба гузориши ИРНА, Гурӯҳи Минск бомдоди шанбе пас аз гуфтугӯҳои вазирони хориҷаи Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар Женева бо судӯри баёнияе эълом кард, ки ду тараф ҳамчунин тавофуқ карданд то дар мавриди созу корҳои ростиозмоии оташбас табодули назар кунанд.

Сеюмин оташбас дар Қарабоғ шикаста шуд  

Дар ин баёния омадааст, ки Боку ва Ереван тавофуқ карданд, ки « омидона ҷамъияти ғайринизомӣ ё марокизи ғайринизомиро ҳадаф қарор надиҳанд» ва аҷсоди сарбозони кушташуда ва асомии асиронро мубодила кунанд.

Даргирҳои низомӣ миёни нерӯҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон аз 27 сентябр оғоз шуда аст ва бо вуҷӯди инки бо дахолати миёнҷигарони байналмилалӣ себор тавофуқи оташбас миёни тарафайн ҳосил шуда, ин даргириҳо беш аз як моҳ аст, ҳамчунон бо шиддат идома дорад.

Ҷумҳурии Озарбойҷон дар муноқишаи Қарабоғ бо такя бар асли ҳифзи тамомияти арзӣ дар пайи поёни ишғолгарии Арманистон буда ва аз сӯи дигар тарафи арманӣ бо истинод ба асли «ҳаққи таъини сарнавишт» ба расмият шинохта шудани ҳуқуқи аромана дар минтақаи Қарабоғро хостор шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Нақзи дубораи оташбас миёни Боку ва Ереван

Боку: аз манотиқе, ки озод кардем ақиб намнишинем

Шарти Илҳом Алиев барои поёни ҷанг дар Қара‌боғ