Бо гӯшти ин парранда ихтилолоти меъдаю рӯдаро табобат кунед
(last modified Mon, 02 Nov 2020 06:27:29 GMT )
Ноябр 02, 2020 11:27 Asia/Dushanbe
  • Бо ин ғизои муфид ихтилоли ҳозимаро табобат кунед
    Бо ин ғизои муфид ихтилоли ҳозимаро табобат кунед

Олимон муайян карданд, ки хӯрдани гӯшти буқаламун (мурғи марҷон) дар табобати бемориҳои ҳозима ва мушкилоти меъда хеле муассир аст.

Ба гузориши бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, тиме аз муҳаққиқони байналмилалӣ ба сарпарастии донишгоҳи McMaster Канада ба ин натиҷа расидаанд, ки гӯшти мурғи марҷон ба дармони ихтилолоти ҳозима ва меъда кӯмак мекунад.

Тибқи ин гузориш, гӯшти мурғи марҷон дорои аминокислотаи триптофан мебошад, ки дар баробари баъзе бактерияҳои муфид барои рӯда, ба шифо ёфтани меъда ва хуб кор кардани он мусоидат мекунад. Муҳаққиқон гуфтанд, ки мавҷудияти триптофан дар рӯда метавонад барои меъда фоидаовар бошад ва дар гӯшти мурғи марҷон ва шоколад, банан ва сабзавот, аз қабили брокколи, фаровон аст.

Гӯшти мурғи марҷон манбаи ғанӣ протеин буда ва ду буриши захими муодили 84 гарми гӯшти мурғи марҷон ҳовии 24 гарми протеин, муодили 48 дарсади арзиши ғизои рӯзона аст.

Протеин барои рушду нигаҳдории афзоиши мушакҳо, сохтори ҳуҷайраҳо ва кӯмак ба интиқол додани маводи ғизоӣ ба организм муҳим аст ва  ҳамчунин як режими ғизоии ғанӣ аз протеин низ метавонад бо афзоиши эҳсоси сирӣ ба коҳиши вазн кӯмак кунад.

Гӯшти мурғи марҷон ҳовии витаминҳои гурӯҳи  B аст, ки барои афзоиши тавлиди энержӣ ва иртибототи ҳуҷайра муҳим аст.


Бештар бихонед: