Ҳимояти мусулмонони Русия аз номаи Раҳбари Инқилоби Исломӣ ба ҷавонони фаронсавӣ
Гурӯҳе аз мусулмонони Русия ҳимояти худро аз номаи Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба ҷавонони фаронсавӣ эълом карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, мусулмонони Русия бо баргузории таҷаммӯъи эътирозомез муқобили сафорати Фаронса дар Маскав, тасвире аз номаи Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ Ҳазрат Оятуллоҳи Хоманаӣ хитоб ба ҷавонони фаронсавиро дар даст доштанд ва аз паёми эшон ҳимоят карданд.
Мусулмонони Русия дар ин таҷаммӯъ таъкид карданд дар ҷавомеи ғарбӣ аз ҷумла фаронсааӣ тавҳин ба соҳати Паёмбари ислом ( с ) озодии баён аст, аммо сухан гуфтан ва таҳқиқ дар бораи Ҳолокост ҷурм аст.
Ҷомеаи бузурги 30 миллион нафарии мусулмонони Русия, созмонҳои динӣ, шахсиятҳои барҷастаи мазҳабӣ ва низ сафоратхонахои кишварҳои исломӣ дар ин кишвар бо судури баёнияҳое, изҳороти Раиси Ҷумҳурии Фаронса Эммануел Макронро ба шиддат маҳкум карданд.
Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар пайи изҳороти тавҳиномези Раиси Ҷумҳурии Фаронса дар бораи Паёмбари акрам ( с), рӯзи чаҳоршанбеи гузашта ба забони фаронсавӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёме хитоб ба ҷавонони ин кишвар содир карданд ва аз онон хостанд то аз раисҷумҳур худ бипурсанд чаро вай аз иҳонат ба Паёмбари худо ҳимоят мекунаду онро озодии баён мешуморад.
Нашрияи фаронсавии Шарли Эбдо ахиран бори дигари иқдом ба интишори карикатурҳои тавҳиномез дар бораи Паёмбари ислом ( с ) карда, ки ин иқдом бо эътирози мусулмонон дар саросари ҷаҳони рӯ ба рӯ шуда аст.
Бештар бихонед: