Интиқоди фаъоли мисрӣ аз ҷангафрӯзиҳои Арабистон
(last modified 2016-10-13T12:05:04+00:00 )
Октябр 13, 2016 17:05 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди фаъоли мисрӣ аз ҷангафрӯзиҳои Арабистон

Фаъоли расонаии Миср аз сиёсатҳои ҷангафрӯзонаи Оли Сауд интиқод кард.

Иброҳим Исо, фаъоли расонаии мисрӣ дар шабакаи моҳвораии «Қоҳира ва мардум» Арабистонро масъули ҷангҳои минтақа ва падидоварандаи гурӯҳҳои террористӣ дониста гуфтааст, терроризм силоҳи ин кишвар барои тахриб кардани кишварҳои арабӣ аст. Иброҳим Исо андешаи ваҳобият ва роҳ андохтани фитнаҳои гурӯҳиро аз дигар сиёсатҳои Арабистон барои шайтанат дар минтақа дониста гуфтааст, акнун душманони дохилии кишварҳои арабӣ бештар аз хориҷ аст. Ин фаъоли матраҳи мисрӣ тасреҳ кардааст, Арабистон далел меорад, ки Башор Асад, раисҷумҳури Сурия демократ нест, дар ҳоле ки саудиҳо бо вазъияти асафноки ҳуқуқи башари худ бояд охирин касе бошанд, ки аз демократия сухан мегӯяд.