Артиши Озарбойҷон 16 рустои дигар Қарабоғро озод кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i58898-Артиши_Озарбойҷон_16_рустои_дигар_Қарабоғро_озод_кард
Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон рӯзи шанбе аз озодсозии 16 рустои дигар дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 07, 2020 15:43 Asia/Dushanbe
  • Алиев: 16 рустои дигар дар Қарабоғ озод шуд
    Алиев: 16 рустои дигар дар Қарабоғ озод шуд

Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон рӯзи шанбе аз озодсозии 16 рустои дигар дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Алиев дар саҳифаи твиттерии худ навишт: Артиши Ҷумҳурии Озарбойҷон 16 рустои минтақаи Қарабоғ аз ҷумла рустоҳои Юхарӣ Саидаҳмадалӣ, Гургон, Қоҷор, Янарҳоҷ, Болосултонлӣ ва Мардонлиро аз ишғол озод кардааст.

Даргириҳои низомии нерӯҳои Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 27 сентябри гузашта оғоз шудааст ва ба рағми се бор тавофуқи оташбас бо кумаки миёнҷигарони байналмиллалӣ ин даргириҳо дар меҳварҳои мухталифи Қарабоғ ҳамчунон идома дорад.

Бештар бихонед: