Ҳамла ба Дафтари нахуствазири Арманистон дар Йереван
(last modified Tue, 10 Nov 2020 06:08:15 GMT )
Ноябр 10, 2020 11:08 Asia/Dushanbe
  • Шуморе аз муътаризон вориди сохтмони давлати Арманистон шуданд
    Шуморе аз муътаризон вориди сохтмони давлати Арманистон шуданд

Пас аз имзои тавофуқи оташбас миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, муътаризон дар Йереван бо баргузарии тазоҳурот ба дафтари нахуствазири ин кишвар ҳамла карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон-Пресс, пас аз эъломи тавофуқи сулҳ миёни Арманистон, Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, муътаризон дар Йереван пойтахти Арманистон зимни мухолифат бо тавофуқи оташбас, истеъфои Никол Пашиниян- нахуствазири ин кишварро хостор шуданд.

Муътаризон  истеъфои Пашиниянро хостор шудаанд

Гузоришҳо ҳокӣ аст шуморе аз мардуми Йереван аз занҷири маъмурони полис убур карда ва вориди сохтмони давлати Арманистон шуданд.

Илҳом Алиев- раиси ҷумҳури Озарбойҷон, Никол Пашиниян- нахуствазири Ҷумҳурии Арманистон ва Владимир Путин- раиси ҷумҳури Федератсияи Русия дар ин тавофуқнома бар оташбаси комили ҳамаи даргириҳо дар минтақаи Қарабоғ аз соъати 00:00 ба вақти Маскав аз даҳуми ноябри 2020 тавофуқ карданд.

Мутобиқи ин тавофуқ, минтақаи Оқдом ва бахши дигаре аз заминҳое, ки артиши Арманистон дар ихтиёр дорад то 20 ноябри соли 2020 ба артиши Озарбойҷон бозгардонда мешавад.

Ҳамчунин дар имтидоди хати тамос дар Қарабоғ ва дар имтидоди долони Лочин як гурӯҳ сулҳбони Федератсияи Русия бо таҷҳизоти вижа мустақар хоҳанд шуд.

Бештар бихонед: