Нахуствазири Арманистон: Чорае надоштем
(last modified Tue, 10 Nov 2020 13:39:46 GMT )
Ноябр 10, 2020 18:39 Asia/Dushanbe

Нахуствазири Арманистон пас аз имзои тавофуқномаи сулҳ бо раисони ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Русия гуфт: «Чораи дигаре ба ҷуз имзои тавофуқи сулҳ надоштем”.

Никол Пашинян рӯзи сешанбе ҳамчунин гуфт, манобеи инсонӣ ва таҷҳизоти низомии мо бисёр маҳдуд буд.

Вай афзуд: "Агар ҷангро идома медодем, талафотамон бештар мешуд ва кулли Қарабоғро ҳам аз даст медодем".

Пас аз ин изҳороти Пашинян, арманиҳои хашмгин бо ҳуҷум ба сохтмони порлумон ва давлати ин кишвар, амволи давлатиро тахриб карданд ва раиси Маҷлиси миллии Арманистонро низ кутак заданд.

 

Бештар бихонед: