Ноябр 10, 2020 19:32 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳурии Чин гуфт, Пекин ваксинаи коронаро дар ихтиёри кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай қарор медиҳад
    Раиси ҷумҳурии Чин гуфт, Пекин ваксинаи коронаро дар ихтиёри кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай қарор медиҳад

Раиси ҷумҳурии Чин дар бистумин иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай гуфт, Пекин ваксинаи коронаро дар ихтиёри кишварҳои узви ин созмон қарор медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Си Ҷинпинг, раиси ҷумҳурии Чин, ки рӯзи сешанбе аз Пекин ва ба сурати конфронс аз роҳи дур дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай сухан мегуфт, ба талошҳои Чин барои дастёбӣ ба ваксинаи корона ишора кард ва гуфт: “Пекин моил аст фаъолона ниёзи кишварҳои дигар ба ваксинаро дар назар бигирад ва онро дар ихтиёри онҳо қарор диҳад”.

Ваксинаи чинии корона муваффақиятомез буд

 

Раисҷумҳури Чин ҳамчунин бо ишора ба нақшу аҳамияти Созмони Ҳамкории Шанхай дар шукуфоии кишварҳои узв гуфт: “Кишварҳои узв бояд иқдомоти амалитареро барои беҳбудии ҷомеаи башарӣ анҷом диҳанд”.

Раисҷумҳури Чин таъкид кард, ки чандҷонибагароӣ саранҷом якҷонибагароиро шикаст хоҳад дод.

Бистумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба сурати маҷозӣ ва бо мизбонии Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия рӯзи сешанбе баргузор шуд.

Дар нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай муҳимтарин мавзӯоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии минтақаӣ ва байналмилалӣ баррасӣ мешавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп