Мақомоти амрикоӣ: Туркия зомини сулҳи Қарабоғ нест
(last modified Wed, 11 Nov 2020 18:44:41 GMT )
Ноябр 11, 2020 23:44 Asia/Dushanbe
  • Кавано: Туркия Озарбойҷонро ба идомаи ҷанг ташвиқ мекунад
    Кавано: Туркия Озарбойҷонро ба идомаи ҷанг ташвиқ мекунад

Собиқ музокиракунандаи ҳукумати ИМА дар муноқишаи АвруОсиё гуфт, ки Туркия наметавонад ҳамчун кафили сулҳ дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ шинохта шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Спутник, музокиракунандаи собиқи ҳукумати Амрико дар муноқишаи Қарабоғи Кӯҳӣ ва АвруОсиё гуфтааст, ки Туркия бо вуҷуди ҳамкориҳои амиқ дар минтақа наметавонад ҳалли бӯҳрони Қарабоғи Кӯҳиро кафолат диҳад.

Керри Кавано рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки дар созишномаи Русия - Озарбойҷон - Арманистон умуман Туркия зикр нашудааст, аз ин рӯ он кафили сулҳи Қарабоғи Кӯҳӣ нест.

Ин мақоми амрикоӣ афзуд: Туркия бештарин ҳимоятро аз давлати Боку дар танишҳои ахири Қарабоғ доштааст ва Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба идомаи ҷанг ташвиқ мекунад.

Музокиракунандаи собиқи Амрико дар муноқишаи АвруОсиё гуфт: Туркия эҳтимолан бузургтарин дағдағаи давлати Ҷо Байден хоҳад буд.

 

Рӯзи душанбе Русия, Арманистон ва Озарбойҷон изҳороти муштаракро дар бораи қатъи амалиёти ҷангӣ дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ имзо карданд. Оташбаси нав, ки аз рӯзи душанбе дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ ҷорӣ аст, Озарбойҷон ва Арманистонро барои қатъи амалиёти ҷангӣ ва табодули зиндониён муваззаф мекунад ва розӣ шудааст, ки нерӯҳои посдори сулҳи Русияро ба минтақа бифиристанд.

 

Бештар бихонед: