Муттаҳам шудани як зани олмонӣ ба ҷиноят алайҳи башарият дар Сурия
Додгоҳи федероли Олмон як зани шаҳрванди ин кишварро, ки ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия пайваста буд, ба ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам кард.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Додгоҳи федероли Олмон ин занро, ки Нуртен. Ҷ муаррифӣ шуда, ба озору ранҷ расонидан ба ақаллияти эзадӣ ва ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам кардааст.
Ин зан дар феврали соли 2015 ба ҳамроҳи духтари сесолааш ба террористҳои ДИИШ дар Сурия пайваста буд.
Бар асоси баёнияи Додгоҳи федероли Олмон, Нуртен аз замони ихроҷ аз Туркия ва бозгашт ба Олмон дар июли соли 2020 дар зиндон ба сар мебарад.
Кишварҳои аврупоӣ ва Амрико, ки аз ҳеч талоше барои кумакрасонӣ ба террористҳои минтақаи ғарби Осиё, ба вижа террористҳои ҳозир дар Сурия дареғ накарданд, акнун бо бозгашти аъзои аврупоии террористҳои ДИИШ рӯ ба рӯ шудаанд.
Бештар бихонед:
- Боздошти таъминкунандагони молии ДИИШ дар Русия
- Иттиҳоми узвияти як шаҳрванди тоҷик дар гурӯҳи террористии ДИИШ дар Олмон