Тарроҳи ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул боздошт шуд
-
Дар ҳамлаи террористӣ ба донишгоҳи Кобул, 22 тан кушта ва 40 нафар захмӣ шуданд
Нерӯҳои амниятии Афғонистон тарроҳи аслии ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул, пойтахти тн кишварро дастгир карданд.
Ба гузориши ИРНА, Амруллоҳ Солеҳ, муовини раёсатҷумҳурии Афғонистон рӯзи шанбе эълом кард, Одил, фарзанди Муҳаммадориф тарроҳи аслии ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул дастгир шуда ва ба ҷурми худ эътироф кардааст.
- Боздошти 13 пулис дар парвандаи ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул
- 60 кушта ва захмӣ дар даргирӣ дар донишгоҳи Кобул+ филм
Амруллоҳ Солеҳ афзуд, Одил то курси сеюм дар Донишкадаи илоҳиёти Кобул таҳсил карда ва баъд аз он ҷазби гурӯҳи террористии Ҳаққонй шуда ва силоҳро аз ин гурӯҳ бадаст оварда буд.

Муовини раисиҷумҳури Афғонистон гуфт, Одил дар бозҷӯиҳо гуфтааст, ки дастур доштааст то ба донишгоҳҳо, марокизи омӯзишӣ ва дигар аҳдофи ғайринизомӣ ҳамла кунад то давлати Афғонистон таҳти фишор қарор гирад.
Ҳудӯди ду ҳафта пеш дар ҳамлаи террористӣ ба донишгоҳи Кобул 22 нафар кушта ва 40 нафар захмӣ шуданд, ки аксари кушта ва захмиҳои ин ҳамла аз донишҷӯён буданд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Ривояти як шоҳиди эронӣ аз ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул
- Ҷони падар куҷо ҳастӣ?
- Вокуниши Эмомалӣ Раҳмон ба иқдомоти ахири террористӣ дар Афғонистон