Даргирии тарафдорони Трамп бо мухолифони нажодпарастӣ дар Вашингтон+видео
(last modified Sun, 15 Nov 2020 06:11:32 GMT )
Ноябр 15, 2020 11:11 Asia/Dushanbe

Таҷаммӯъи ҳаводорони раисиҷумҳури Амрико, дар Вашингтон ба даргирӣ бо мухолифони нажодпарастӣ мунҷар шуд.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Russia Today”, тарафдорони Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар Вашингтон дар як таҷаммуъи чандҳазорнафарӣ дар ҳоле, ки шиори”сирқати интихоботро мутавақиф кунед” сар медоданд, ба самти бинои Девони Олӣ ҳаракат карданд.

Гурӯҳҳои ростгарои ифротӣ назири “писарони муфтахар”, ки аксаран мусаллаҳ ҳастанд, дар ин тазоҳурот ҳузур доштанд.

Ин афрод бо гурӯҳе сиёҳпӯш, ки барои ибрози мухолифат бо раёсатҷумҳурии Трамп таҷаммуъ карда буданд, даргир шуданд. Дар ҳоле, ки пулиси Вашингтон маҷбур шуд вориди амал шавад.

Трамп дар пайи таҷаммӯъи чандҳазорнафарии тарафдорони худро дар Вашингтон дар чандин “твитт”-и пай дарпай,низоми интихоботии Амрикоро фосид хонда буд.

Кейли Макинэни(Kayleigh McEnany), сухангуи Кохи Сафед низ муддаи шуд, ки беш аз якмиллион нафар аз тарафдорони раисиҷумҳури Амрико, дар Вашингтон ҳузур ёфтаанд.

Тасовири шабакаҳои хабарӣ нишон медиҳад, мизони таҷаммуъи тарафдорони Трамп ҳазороннафарӣ будааст.

Бо вуҷуди арзёбии расонаҳои амрикоӣ мабнӣ бар пирӯзии Ҷо Бойден, номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, ба далели мухолифати Трамп бо пазириши шикаст ва таъкиди вай ба шикоят ба мороҷеи ҳуқуқӣ ба хотири “тақаллуби густурда дар интихобот”, Кохи Сафед ҳанӯз пирӯзии Бойденро ба расмият нашинохтааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: