Кор дар дорухонаҳои Русия барои хориҷиҳо мамнуъ шуд
Ҳукумати Русия саҳмияи ҷазби коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар ин кишварро дар соли 2021 эълом кард, ки бинобар он муҳоҷирон дар дорухонаҳову марказҳои тиҷории бузург ба кор гирифта нахоҳанд шуд.
Ба гузориши сомонаи итилоърасонии ҳукумати Русия, коргарони муҳоҷир метавонанд бештар дар бахшҳои хадамоти шаҳрӣ, ҷангал, сохтмонсозӣ, кишоварзӣ ва ҳамлунақл фаъолият кунанд.
Саҳми ин афрод дар бахши сохтмонсозӣ дар соли 2021 наздик ба 80 дарсад хоҳад буд.
Дар кишоварзӣ, буридани ҷангал ва саноеи мебелсозӣ саҳми коргарони муҳоҷири хориҷӣ 50 дарсадро ташкил хоҳад кард. Ин афрод дар бахши ҳамлунақли умумӣ дорои 25 дарсад саҳмияи истихдомӣ шудаанд.
Аммо дар бахши варзиш ба онон 25 дарсад саҳмия ихтисос ёфтааст. Дар фурӯшгоҳҳои хурд ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ 15 дарсад иштиғол муҷоз дониста мешавад.
Бар асоси гузориши расмӣ, аз беш аз як миллион нафар коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ду сеюми онон дар бахши сохтмонсозӣ фаъолият мекунанд, ки ба далели густариши Ковид -19 аксари онон ба кишвари хеш бозгашт кардаву бо баста шудани марзҳо наметавонанд дубора вориди Русия шаванд.
Ҳукумати Русия эълом кардааст, ки ба далели густариши вируси корона ва хуруҷи коргарони муҳоҷир бахши сохтусоз дар ин кишвар бо мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда ва акнун барномаи боз кардани марзҳо барои вуруди дубораи ин афрод дар дасти баррасӣ мебошад.
Бештар бихонед:
- Таъкиди намояндаи Думаи Русия бар ҷазби коргарони муҳоҷири тоҷик
- Хабари хуш барои коргарони муҳоҷири тоҷику ӯзбак дар Русия
- Ҳазфи коргарони муҳоҷири тоҷик аз феҳристи дарёфткунандагони нафақа дар Русия