Ноябр 18, 2020 16:36 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии мунтахаби Амрико Ҷо Байден
    Раиси Ҷумҳурии мунтахаби Амрико Ҷо Байден

Тими интиқолии Раиси Ҷумҳурии мунтахаби Амрико мақомҳои аршади Кохи Сафед дар давлати Байденро муаррифӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, тими интиқолии Ҷо Байден, Раиси мунтахаби Ҷумҳурии Амрико рӯзи сешанбе дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт: "Нӯҳ нафар, аз ҷумла баъзе аз ситоди интихоботии Байден ва як қатор ҳамкорон ва мушовирони наздики ӯ ба унвони кодри аршади Кохи Сафед дар давлати баъдии Амрико муаррифӣ шудаанд."

Байден рӯзи сешанбе ҳушдор дод сангандозиҳои Раиси Ҷумҳурии феълии Амрико Доналд Трамп дар раванди интиқоли қудрат дар ин кишвар метавонад мунҷари бӯҳрони коронаро дар амрико шиддат диҳад ва ҷон бохтани теъдоди бештаре аз мардумро бар асари ин беморӣ дар пай дошта бошад.

Тибқи гузориши расонаҳои амрикоӣ, Байден Трампро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2020 бо 306 овози интихобӣ мағлуб кард.

Бо вуҷуди ин, Трамп ҳанӯз шикасти худро эътироф накардааст ва мудаии  тақаллуби густарда дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп