Июл 24, 2016 18:04 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти Арабистон ба манотиқи мухталифи Яман

Мутаҷовизони саудӣ ҳамчунон ба ҳамалоти худ дар манотиқи мухталифи Яман идома медиҳанд.

Ба гузориши шабакаи хабарии ямании "Алмасира", муздурони саудӣ рӯзи якшанбе дар идомаи ҳамалоти худ ба мардуми бедифои Яман, шаҳраки нуҳум дар вилояти Санъо, пойтахти Яманро ҳадаф қарор доданд.

Бомбафканҳои саудӣ низ чанд навбат минтақаи Алмахруқ, дар вилояти Саъдаро бомбаборон карданд.

Ҳамчунин муздурони саудӣ бо силоҳҳои сангини худ минтақае дар Алҷуф, шимоли Яманро ҳадафи ҳамалоти худ қарор доданд.

Артиш ва нерӯҳои мардумии Яман низ муваффақ шуданд як тонки мутааллиқ ба саудиҳоро дар Наҷрон, ҷануби Арабистон мунҳадим кунанд.

 

Барчасп