Ноябр 19, 2020 17:41 Asia/Dushanbe
  • Такзиби таътилӣ ва тахриби масоҷид аз сӯи Чин
    Такзиби таътилӣ ва тахриби масоҷид аз сӯи Чин

Чин ҳама овозаҳо дар бораи тахриб ё бастани масҷидҳо дар шимолу ғарби кишварро рад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мақомоти минтақаи худмухтор ва мусулмоннишини Синьцзян рӯзи панҷшанбе дар як конференсияи маҷозӣ бо ҳузури хабарнигорон ва расонаҳои хориҷии фаъол дар ин кишвар, гуфтанд: Мақомоти минтақа на танҳо ҳеҷ гоҳ маконҳои мазҳабиро тахриб накардаанд, балки ин марокизи мазҳабӣ дар ин минтақа тибқи риволи оддӣ ба фаъолияти худ идома медиҳанд.

Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Чин Ганг Шуанг қаблан гузориши New York Times дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон дар ноҳияи мухтори Синьцзяни Уйғурро рад карда буд.

Мусалмонон қисми зиёди аҳолии ноҳияи мухтори Синьцзяни Уйғурро дар шимолу ғарби Чин ташкил медиҳанд.

Барчасп