Ноябр 21, 2020 12:26 Asia/Dushanbe
  • Алиев: Эрон кишвари дӯст ва бародари ҷумҳурии Озарбойҷон аст
    Алиев: Эрон кишвари дӯст ва бародари ҷумҳурии Озарбойҷон аст

Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон аз мавзеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи муноқишаи Қарабоғ қадрдонӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, Илҳом Алиев дар паёми видеоӣ ба муносибати истиқрори нерӯҳои ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Адғам бо қадрдонӣ аз мавзеи Эрон дар қиболи муноқишаи Қарабоғ, Эронро кишвари дӯст ва бародари ҷумҳурии Озарбойҷон хонд.

Раиси ҷумҳурии Озарбойҷон чанде пеш низ дар боздид аз манотиқи озодшудаи ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаи Қарабоғ, марзи Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷонро марзи дӯстӣ номида буд.

Изҳороти муҳими раҳбари инқилоб дар бораи ҷанги Қарабоғ

Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ, чанде пеш ҳамзамон бо рӯзҳои ҷанги Қарабоғ таъкид карданд: “ҳамаи сарзаминҳои ҷумҳурии Озарбойҷон, ки ба василаи Арманистон тасарруф шуда аст, бояд озод шавад ва ба ҷумҳурии Озарбойҷон баргардад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ: ҳамаи сарзаминҳои ҷумҳурии Озарбойҷон бояд ба ин кишвар бозгардад

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин ҳифзи амнияти аромана дар сарзаминҳо ва риояти марзҳои байналмилалӣ аз ҷониби ду тарафро низ зарурӣ баршумурданд.

Нерӯҳои артиши ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи ҷумъа дар қолаби тавофуқи сеҷонибаи ин кишвар бо Русия ва Арманистон, ки 9 ноябр ба имзо расид вориди шаҳри Адғам дар Қарабоғ шуданд.

Оташбаси ҷадид дар минтақаи Қарабоғ аз бомдоди рӯзи сешанбе(10 ноябр) ба вақти Маскав иҷро шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп