Июн 26, 2022 10:38 Asia/Dushanbe
  • Мухолифон қасд доранд ҳар бор ки як ҳайати хориҷӣ ба Ирвон сафар мекунад бо барпоии тазоҳурот, хостаҳои худро ба гуши онҳо бирасонанд
    Мухолифон қасд доранд ҳар бор ки як ҳайати хориҷӣ ба Ирвон сафар мекунад бо барпоии тазоҳурот, хостаҳои худро ба гуши онҳо бирасонанд

Дар шароите, ки танишҳои марзӣ дар хутути тамоси нерӯҳои низомии Ҷумҳӯрии Озарбойҷон ва Арманистон ба бурӯзи талафоти инсонӣ ва иқтисодӣ мунҷар мешавад, тазоҳуроти эътирозии мухолифати давлати Никол Пашиниян нахуствазири Арманистон низ дар Ирвон идома дорад.

Бо афзоиши танишҳои марзӣ ва даргириҳои низомӣ дар хутути тамосҳои нерӯҳои Ҷумӯрии Озарбойҷон ва Арманистон, тарафайн ҳамчунон якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Бо идомаи даргириҳои низомии нерӯҳои Боку ва  Ирвон, ин эҳтимолро набояд нодида гирифт, ки музокироти сулҳи Қарабоғ мумкин аст бо бунбастҳои ҷадид мувоҷеҳ шавад. Дар ин шароит, эътирозот алайҳи  давлати  Пашиниян ва дархостҳо барои истеъфои нахуствазири Арманистон, бори дигар дар пойтахт ташдид шудааст.

Муътаризон ба сиёсатҳои давлат ва мухолифони Никол Пашиниян нахуствазири Арманистон, бори дигар ба баргузории  тазоҳурот дар майдони Фаронса дар Ирвон иқдом карданд. Тазоҳуроти эътирозии мухолифон аз ибтидои моҳи майи соли ҷории мелодӣ оғоз шудааст, ва ҳамчунон идома дорад.  Дар ҳақиқат ду моҳ аст ки мухолифони давлати Ирвон ба баҳонаҳои мухталиф ба хиёбонҳо меоянд ва бо бастани хиёбонҳои асли ва бузургроҳҳо, мушкилоти мардуми пойтахти Арманистонро ташдид  мекунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки  Ишхан Сагателян муовини Маҷлиси миллии Арманистон, ки раёсатии мухолифони давлати Пашиниянро низ дар ихтиёр дорад, ҳафтаи гузашта тасреҳ карда буд: Мухолифон қасд доранд ҳар бор ки як ҳайати хориҷӣ ба Ирвон сафар мекунад бо барпоии тазоҳурот, хостаҳои худро ба гуши онҳо бирасонанд.

Баргузории тазоҳуроти эътирозии мухолифони давлати Ирвон, ки ҳар рӯз бар теъдоди он дар Арманистон афзӯда мешавад, нишон диҳандаи он аст, ки Пашиниян дар ҳоли аз даст додани    пойгоҳҳои худ дар сатҳи Арманистон аст. Дар ҳоле, ки бар асоси  натоиҷи охирин интихоботи Маҷлиси миллии Арманистон, ҳизби Ҳокими Арманистон натавонист бештарин орои рай диҳандагони арманиро ба худ ихтисос диҳад. Дар ҷараёни интихоботи зудҳангоми Маҷлиси миллии Арманистон, ки дар рӯзи 20-уми июни 2021 мелодӣ ҳизби Ҳокими Арманистон ба раҳбарии Никол Пашиниян тавонист бо касби 53.92 дарсад аз кулли орои  гирифта шуда ба пирӯзӣ даст ёбад. Бо вуҷӯди муваффақият , нахуствазири Арманистон ҳамчунон аз тарафи мухолифони худ таҳдид мешавад.

Дар ин замина як воқеъияти ғайри қобили инкор вуҷӯд дорад ва он ин, ки бештар аз 50 дарсади мардуми Арманистон дар интихоботи зудҳангоми Маҷлиси миллӣ дар соли гузаштаи мелодӣ ширкат накарданд. Дар сурате, ки мухолифони давлати Пашиниян битавонанд ин теъдод аз орои бе тафовутро ба самти худ ҷалб кунанд, бидуни шак метавонанд мушкилоти зиёде барои идомаи фаъолиятҳои давлати Ирвон эҷод кунанд. Алал хусӯс, ки ба назар мерасад Русия ба ҳадафи худ мабни бар ҳазфи Фаронса ва Амрико аз раёсати муштараки гурӯҳи миёнҷигари  Минск/, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо даст ёфтааст. Дар сурате, ки давлати Никол Пашиниян мақбулияти минтақаии худро аз даст додааст.

Бо вуҷӯди вобастагии давлати Пашиниян ба Ғарб, Русия бузургтарин ҳомии давлати вай пас аз имзои тавофуқномаи 10 модаии моҳи ноябри соли 2020 мелодӣ талқи мешудааст. Аммо акнун Ҷумҳӯрии Озарбойҷон мухолифати худро бо ҳузӯри Амрико ва Фаронса дар гурӯҳи  Минск эълом кардааст.  Дар ин замина метавон ба изҳороти ахири вазири умури хориҷаи Русия дар Боку ишора кард, ки бо ҳимояти қотеъи давлати Илҳом Алиев мувоҷеҳ шуда ва ба ночор Арманистон бо воқеъиятҳои ногуворе мувоҷеҳ шудааст. Дар ин шароит чунин ба назар мерасад, ки тамоми хостаҳои давлати Пашиниян ба поён расидааст ва танҳо масъалае, ки вуҷӯд дорад ин аст, ки Кремли исрор дорад,ки ба танҳои дар раванди таҳияи пешнависи тавофуқномаи ниҳоии сулҳи Ҷумҳӯрии Озарбойҷон ва Арманистон миёнҷигарӣ кунад. Дар ҳақиқат, Русия бо Ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар ин замина ба тавофуқ расида ва дар натиҷа Арманистон дар вазъи ақалият ва заъф қарор гирфтааст. Ба ҳамин далел аст, ки мушкилоти давлати Пашиниян дучандон шудааст ва мухолифони давлати Ирвон ин ҳақиқатро беш аз пеш дарёфтаанд.

Карен Донфрид  дастёри вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Аврупо ва Авра Осиё ва як соҳибназари сиёсӣ дар давлати Амрико дар мусоҳиба бо расонаҳои арманӣ дар бораи тазоҳуроти ахири раиси Ҷӯмҳӯри Озарбойҷон мабни бар бениёзӣ ба мушорикати гурӯҳи Минск дар раванди ҳалли муноқишаи Қарабоғ гуфт: "Ҷумҳӯрии Озарбойҷон аз раванди раёсати  муштараки гурӯҳи Минск ҳимоят намекунад, аммо Амрико аз он ҳимоят мекунад ва мо ба мушорикат дар ин фароянд идома хоҳем дод".

Ин шеваи вазъгирии намояндагони дастгоҳи дипламатии Амрико ба маънои он аст, ки давлати Вашингтон талош дорад то ҳузӯри муштараки руасои амрикоӣ, фаронсавӣ ва Русияро дар гурӯҳи Минск, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бори дигар эҳё кунад. Ба иборати дигар, давлати Вашингтон қасд дорад, хостаҳои худро дар заминаи ҳузӯр дар минтақа ба мақомҳои давлати Илҳом Алиев таҳмил кунад.

Бештар бихонед:

                                

Барчасп