Таҳлил: идомаи сиёсатҳои зиддӣ эронии давлати Илҳом Алиев
Дар идомаи иқдомоти ғайри созанда ва танишофарини давлати Илҳом Алиев алайҳи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, Маҷлиси миллии ин кишвар, дар иқдомоти аҷиб ва қобили таъамул бо интишори як баёнияи зиддӣ эронӣ, аз Теҳрон хост аз иқдомоти муътаризона алайҳи давлати Боку худдорӣ кунад.
Маҷлиси миллии Ҷумҳӯрии Озарбойҷон, баёнияи ахири Ҷуҳӯрии Исломии Эрон дар бораи ифтитоҳи сафорати Ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар Фаластини ишғолиро мудохила дар умури дохилӣ ва иқдоми таҳрикомез алайҳи сиёсати давлати Илҳом Алиев қаламдод кард." Соҳиба Ғаффорова" раиси Маҷлиси Ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар нишасти ахир бо намояндагони Маҷлиси миллӣ. бидуни ишора ба мавозеъи зиддӣ эронии ахири давлати Илҳом Алиев эълом кард: Аз Эрони мехоҳем аз иқдомоте, ки ба равобити дуҷониба бо Ҷумҳӯрии Озарбойҷон осеб мезанад, худдорӣ кунад.
Пеш аз ин интишори баёнияи зиддӣ эронии Маҷлиси милли Ҷумҳӯрии Озарбойҷон, " Носири Канъонӣ" сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба бархе мавозеъ, иқдомот ва вокунишҳои тунд, эҳсосӣ ва ғайрисозандаи давлати Илҳом Алиев алайҳи муаллимон ва дипламатҳои эронӣ дар Ҷумҳӯрии Озарбойҷон гуфт: Мо ин рафтори давлати Ҷумҳӯри Озарбойҷонро дар таъаруз бо усули ҳамсоягӣ қаламдод мекунем. Канъонӣ ҳамчунин тасреҳ кард: Дар ҳоле, ки бӯҳрон ва ошӯб сартосари сарзаминҳои ишғолии Фаластинро фаро гирфта ва режим саҳюнистӣ дар мутазазилтарин шароити дохилӣ ба сар мебурд ва дар замоне, ки режими саҳюнистӣ бо таърӯз ба мусалмонони рӯзадор ва ноҳурмати ба Масҷидул-Ақсо ба дунболи фарокании бӯҳронҳои чанд лояи даруни мсарзаминҳои ишғолӣ аст.
Таҳрикоти ахири Ҷумҳӯрии Озарбойҷон аз ҷумла интишори баёнияҳои муътааддиди зиддӣ эронии давлати Илҳом Алиев дар шароите дар дастури кор қарор гирфта, ки дар пайи сафари ахири Ҷайҳун Бойромов вазири умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Озарбойҷон ба Фаластини ишғолӣ, изҳорот ва мавозеъи зиддӣ эронии ин кишвар ташддид шудааст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳӯри Озарбойҷон ҳафтаи гузашта ба ҷойи посӯхгӯи дар бораи тавофуқи Илҳои Алиев бо режими нажодпарасти Исроил мабни бар ташкили ҷабҳаи муттаҳид алайҳи Эрон, дар иддаоҳои беасосе гуфта буд, ки Эрон дар террори як намояндаи Маҷлиси миллии ин кишвар дахолат доштааст.
Тарҳи ин иддао ва иддаоҳои мушобеҳ дар расонаҳои Боку дар ҳоле аст, ки асосан, мавзӯъи террори як намоянада маҳлумал ҳолм Маҷлиси миллии Ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар пардае аз ибҳом қарор дорад. Ба вижа, ки давлати моҷароҷӯ ва ҷанҷолии Илҳом Алиев дар заминаи иддаои террори як намояндаи Маҷлиси милии ин кишвар дар иқдоми қобили таъамул ва савол барангез, махфикорӣ мекунад ва ҳамин сиёсат нишон медиҳад, ки ин мавзӯъ аз асос сенариясози будааст." Турол Содиқлӣ" фаъоли расонаии мухолифи давлати Илҳом Алиев ва коршиноси фаъоли сиёсӣ дар ҳамин иртибот гуфт:
"Хабари тирандозӣ ба Фозили Мастафо, намояндаи Маҷлиси миллии Ҷумҳӯрии Озарбойҷон, ки Боку Эронро дар ин бора муттаҳам кардааст, дурӯғ ва сохтакорӣ будааст". Турол Содиқлӣ ҳамчунин эълом кард: " Ҳадаф аз роҳандозии ин бозӣ, дасгирии садҳо тан аз шаҳрвандони диндори Ҷумҳӯрии Озарбойҷон буд ва ба манзури таблиғот алайҳи Эрон тарроҳи шудааст. Ҳадафи ин таблиғот низ ин аст, ки ба мардум бигӯянд гӯё душманони хориҷӣ дорем ва ба ҳамин хотир ҳамагӣ бояд ҳавли меҳвари Илҳом Алиев таҷамӯъ кунем ва алайҳи як душман муттаҳид шавем".
Бо вуҷӯди ин мақомҳои Боку барои интишори ин хабари дурӯғ, талоши музаъаферо ба кор бастаанд то аз сабурии мақомҳои Теҳрон барои пешбурди аҳдофи бегонагон дар минтақа истифода кунанд. Дар айни ҳол, давлати Илҳом Алиев бо такия бар килид вожаи " ҳамкории Теҳрон- Ирвон" талош дорад то чунин итлқо кунад, ки Эрон ва Арманистон дар ҳоли булукбандии алайҳи ин кишвар ҳастанд. Дар ҳоле, ки баррсии таҳавуллоти даҳҳаҳои ахир дар минтақаи Қарабоғ, дурӯғ будани чунин иддаоҳоеро исбот мекунад.
Ин дар ҳоле аст, ки мардуми мусалмони Ҷумҳӯрии Озарбойҷон ба ин ҳақиқат воқиф ҳастанд, ки Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар даҳҳаҳои ахир ҳамвора дар қомат муҳимтарин кишвари дӯст ва бародари онҳо зоҳир шуда ва аз ҳифзи сулҳу субот дар минтақа ҳимоят кардааст. Бо вуҷӯди ин ҳақиқатҳо, давлатмардони Боку бо ҳидояти саҳюнизми байналмиллал ва истекбори ҷаҳонӣ, ҳамчунон дар ростои эҷоди таниш дар минтақа гом бар медорад. Руйкарде, ки нахустин зарар кардаи он, давлат ва мардуми мусалмони Ҷумҳӯрии Озарбойҷон хоҳанд буд.
Изҳороти ахири вазири умури хориҷаи режими саҳюнистӣ дар нишасти муштараки хабари бо вазири умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Озарбойҷон танҳо як намӯна аз тавсиаҳои иҷбории Исроил аз мақомҳои давлати Илҳои Алиев маҳсуб мешавад. " Эли Коҳан" вазири умри хориҷаи режими саҳюнистӣ дар нишасти хабарии муштарак бо вазири умри хориҷаи Ҷумҳӯрии Озарбойҷон, алайҳи Ҷумҳӯрии Иломии Эрон мавзеъгири кард. Вазири умри хориҷаи режими саҳюнистӣ иддао кард: Ду тараф метавонанд бо истифода аз абзорҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ва дар айни ҳол тадвини таҳдиди низомии қобили эътимод ва қотеъ алайҳи Эрон муттаҳид шаванд".
Ин тавсиаҳои режими саҳюнистӣ ба мақомҳои Боку илова бар асаргузорӣ бар тадвини сиёсати хориҷаи Ҷумҳӯрии Озарбойҷон, дахолат дар умури миллатҳои минтақа ва фишор бар миллатҳои мусалмон дар Қафқоз аст. Бадеҳи аст, ки дар ин шароит, раиси Ҷумҳӯрии Озарбойҷон бояд ба тавсиаҳои дӯстонаи Теҳрон таваҷҷӯҳи вижае дошта бошад. Теҳрон то кунун дар ин ҳавза "иршодӣ" амал ва талош кардааст монеъи авзоиши танишҳо дар минтақаи Қафқози ҷанубӣ шавад.Ба ҳамин далел, то фурсат боқӣ аст, раиси Ҷумҳӯрии Озарбойҷон бояд аз масири танишофаринӣ боз гардад ва сиёсати усулиро дар қиболи кишвраҳои минтақа дар пеш бигирад.