Шиддат гирифтани кӯшишҳои Трамп барои тағир додани натиҷаҳои интихоботи Амрико
Бо гузашти беш аз ду ҳафта аз баргузории раёсати Ҷумҳурии Амрико, раиси ҷумҳурии ин кишвар Доналд Трамп ва номзади Ҷумҳурихоҳон ҳамчунон дар талош аст натиҷаи ин интихоботро тағир диҳад.
Пас аз бозшумории раъйҳои иёлати Ҷорҷия ва таъкиди дубораи пирӯзии Ҷо Байден, номзади Демократҳо дар ин иёлат, Трамп мавзеи манфиро дар ин замина иттихоз кардааст.
Трамп дар Таиттер навишт: "Фармондори Ҷорҷия ва вазири умури дохилиаш аз баррасии имзоҳо, ки метавонад садҳо ҳазор раъйи ғайриқонуниро ифшо карда ва ба ман ва ҳизби Ҷумҳурихоҳ як пирӯзии бузург эъто кунад, худдорӣ мекунанд."
Нуктаи ҷолиб ин, ки фармондори Ҷорҷия худ Ҷумҳурихоҳ аст ва Трамп ҳатто аз барчасб задан ба ҳамҳизбиҳои худ барои расидан ба ҳадафаш, ки боқӣ мондан дар Кохи Сафед барои чаҳор соли дигар аст, ибое надорад. Албатта талоши Трамп ба ин мавзӯ маҳдуд нашуда ва вай акнун ба тағири раъйҳои иёлатҳо аз тариқи давр задани раъйҳои мардумӣ дар иёлатҳои калидӣ муттамаркиз шудааст.
Дар ҳоли ҳозир аз нӯҳ иёлати калидӣ ҳашт маҷлиси қонунгузории иёлот таҳти назорати ҷумҳурихоҳон қарор доранд. Бо таваҷҷӯҳ ба инки наздик ба ду ҳафтаи дигар то интихоби аъзои электрол барои ҳузур дар нишасти электролҳо дар 14 декабр боқӣ мондааст, Трамп талош мекунад бо машруъияти зиёде аз интихобот ба вижа дар иёлати калидӣ, электурҳоро аз ҳомиёни худ интихоб кунад, то ба ин тартиб дар нишасти 14 декабр пирӯзи майдон шавад. Ба ҳамин далел Трамп раҳбарони аксарияти конгресси иёлати Мичиганро ба Кохи Сафед даъват кард, то онҳоро мӯътақид кунад, ки бо таваҷҷӯҳ ба иддаоҳояш дар бораи вуқӯи тақаллуд дар интихобот аз электурҳо бихоҳанд бар хилофи раъйи умумӣ тасмим бигиранд; дар ин сурат онон ё ба нафъи Трамп раъй диҳанд ё асосан ҳеҷ як аз ду номзадро интихоб накунанд. Бо чунин иқдоме Байден 16 раъйи электроли иёлати Мичиганро аз даст хоҳад дод. Бо ин ҳол пас аз дидори ду қонунгузори аршади иёлати Мичиган бо Трамп онҳо гуфтанд, ки ҳанӯз аз ҳеҷ гуна иттилооте, ки натиҷа интихобот дар Мичиганро тағир диҳад, мутталеъ нестанд.
Трамп ҳамчунин ба дунболи иҷроии сенарияи мушобеҳе дар иёлати Песилвания ва дигар иёлатҳо аст, то бад ин тартиб, раъйҳои Байден дар ниҳоят ба зери 270 раъйи электрол суқут кунад ва интихоби раиси ҷумҳурии баъдии Амрико бар ӯҳдаи маҷлиси намояндагони газашта шавад. Дар чунин ҳолате ҳар иёлат фақат як раъй хоҳад дошт ва бо таваҷҷӯҳ ба фузунии иёлатҳои Ҷумҳурихоҳ бар Демократҳо, Трамп мӯътақид аст, ки вай барандаи ниҳоӣ хоҳад буд.
Ба рағми талошҳои мустамари Трамп ва тими ҳукукии вай, онҳо тавфиқи чандоне дар даъвоҳои матраҳшуда дар додгоҳҳои федерал дар иёлатҳои мухталиф надоштаанд. Корзори интихоботии Трамп то кунун 28 додхости паёпайро дар 17 рӯзи пас аз мавъиди интихобот бохтааст.
Масъалаи дигаре, ки боиси танқиди зиёд дар дохили Иёлоти Муттаҳида шудааст, ин дастгирии давомдори Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аз Трамп аст. Дарвоқеъ, мансабдорони баландпояи ҷумҳуриявӣ ба ду мушкилии калон дучор меоянд. Агар онҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз раъйи мардум истифода кунанд, пирӯзии рақиби демократ ба даст хоҳад омад. Аммо агар онҳо тақаллуби интихоботро бо қаноатмандии мутаассибони Трамп тасдиқ кунанд, онҳо бо системаи интихоботии Амрико рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
Сенатори мустақил Берни Сандерс дар Таиттер бо ишора ба тадовуми ҳимояти Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аз Трамп навишт: Барои як раиси ҷумҳурии мустақар бисёр рақбатангез аст, ки барои тағири натиҷаи интихобот талош кунад. Аз он бадтар ин аст, ки Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ба ҷуз чанд мавриди истисно дар бораи ин ҳамлаи золимона бар демократия сокит боқӣ бимонад.. Ҳизби Ҷумҳурихоҳ акнун дигар як ҳизби сиёсӣ нест, балки ба як фирқа табдил шудааст.
Ин боиси афзоиши танқиди Трамп дар дохили Ҳизби Ҷумҳурихоҳ шудааст ва даъват мекунад, ки ӯ натиҷаҳои интихоботро қабул кунад ва Иёлоти Муттаҳида аз бӯҳрони ҳозираи бесобиқа раҳо шавад.
Бештар бихонед: