Ноябр 22, 2020 10:14 Asia/Dushanbe
  • Толибон даст доштан дар ҳамалоти рӯзи шанберо рад карда буд
    Толибон даст доштан дар ҳамалоти рӯзи шанберо рад карда буд

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъуляти ҳамалоти мушакии рӯзи шанбе ба Кобулро бар ӯҳда гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо аз Кобул, гурӯҳи такфирии ДИИШ эълом кард, ҳамалоти ракетӣ ба манотиқи мухталифи шаҳри Кобул кори афроди ин гурӯҳ будааст.

Толибон ҳар гуна нақшдоштан дар ин ҳамалотро рад карда буд.

Субҳи рӯзи шанбе 23 мӯшак ба манотиқи мухталифи Кобул шиллик шуд, ки бар асари он ҳашт тан кушта ва беш аз 30 тани дигар низ захмӣ шуданд.

Исобати ин ракетҳо ба нуқоти мухталифи шаҳри кобули мӯҷиби ваҳшати мардуми ин шаҳр шудааст.

Гурӯҳи террористии ДИИШ, гурӯҳе ҷинояткор аст, ки аз сӯи бархе аз кишварҳои шикастхӯрда дар минтақаи ғарби Осиё, аз ҷумла Амрико, Арабистон ва ҳамчунин режими саҳюнистӣ ҳимояти молӣ ва низомӣ мешавад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Хабари такмилӣ: шумори ҳамалоти ракетӣ ба Кобул ва омори қурбониён афзоиш ёфт

60 кушта ва захмӣ дар даргирӣ дар Донишгоҳи Кобул+ филм

Ҳалокати раҳбари Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар Афғонистон

 

 

Барчасп