Ноябр 22, 2020 12:08 Asia/Dushanbe

Давлати Чин пас аз шиносоии бемории вируси корона дар шаҳри Вуҳан (Wuhan) бо тадобиру қавонини сахтгирона тавонист ин бемориро дар саросари Чин маҳор кунад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, чин пас аз шиносоии бемории вируси корона дар шаҳри Вуҳан, вилояти Ҳубэй(Hubei) ва шаҳри Вуҳанро бо ҳудӯди 60 миллион нафар ҷамъият қарантин кард.

Мардум бо шунидани ин хабар сафарҳои баҳораии худро лағв карданд ва аз фурӯдгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳану терминалҳо ба хона бозгаштанд.

Омори мубталоён ба корона дар Чин, пурҷамъияттарин кишвари ҷаҳон 80 ҳазору 346 нафар ва теъдоди ҷонбохтагон низ ҳудӯди 4 ҳазору 634 тан эълом шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп