Идомаи иқдомоти исломситезонаи Макрон
(last modified Sun, 22 Nov 2020 09:56:44 GMT )
Ноябр 22, 2020 14:56 Asia/Dushanbe
  • Идомаи иқдомоти исломситезонаи Макрон
    Идомаи иқдомоти исломситезонаи Макрон

Раиси Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон дар идомаи иқдомоти исломситезонаи худ, мӯҳлате барои роҳбарони гурӯҳҳои исломии кишвар барои дастгирии як оинномае бо номи "Арзишҳои ҷумҳуриявӣ" муқаррар кард ва ба Шӯрои мусалмонони Фаронса 15 рӯз фурсат дод, ки ин оинномаро бипазиранд.

Бар асоси оинномаи пешниҳодкардаи Макрон, маҳдудиятҳо барои таълими хона ҷорӣ карда шуда  ва назорат бар омӯзиши имомҳои ҷамоати масҷидҳо афзоиш хоҳад ёфт.

Иқдомоти исломситезона дар Аврупо тайи солҳои ахир ба дунболи ҳамалоти террористӣ дар кишварҳои мухталифи ин қорра, рӯи кор омадани аҳзоби дасти рост ва тақвияти ҷумбишҳои миллигароӣ дар бархе аз кишварҳои ин қорра, афзоиш ёфтааст. Дар ин миён мусулмонони Фаронса таҳти фишори бештаре қарор гирифтаанд. Фаронса бештарин мизони ҷамъияти мусулмононро дар Аврупо дорад ва тайи моҳҳои ахир, ташдиди сиёсати исломситезӣ ва мавозиъи тунди мақомоти фаронсавӣ алайҳи тафаккуроти ислом, хашми мусулмонон ва ҷумбишҳои озодихоҳро барангехтааст. Ҳамчунин интишори карикатурҳои тавҳиномез алайҳи Паёмбари Акрам ( с ) мӯҷиби хашми мусулмонон дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Фаронса шуда ва вокуниши Эмануел Макрон, бар вахимтар шудани авзоъ афзуд. Раиси Ҷумҳурии Фаронса тайи ҳафтаҳои гузашта ба ҷоии талош барои коҳиши иқдомоти исломситезона дар ин кишвар, ба дифои ғайримантиқӣ аз исломситезон пардохта ва ба баҳонаи дифо аз озодии баён, бар тадовуми исломситезӣ дар ин кишвар таъкид кардааст.


 
Макрон ахиран дар изҳороте на танҳо эълом кард, ки Фаронса ҳамчунон ба интишори карикатурҳои тавҳиномез алайҳи Паёмбари ислом ( с ) идома хоҳад дод, балки чунин иқдомотеро дар ростои арзишгузорӣ ба озодии баён дар ин кишвар донист. Мавзегириҳои ифротии мақомоти Фаронса хашми мақомоти кишварҳои мухталифи мусулмонро барангехта ва албата додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо низ ҳушдор дод ,ки иқдомоти муваҳҳин нисбат ба муқаддасоти мусулмонон аз ҳадди муҷоз як баҳси оддӣ фаротар мераваду метавонад таъассубро барангезад ва сулҳи мазҳабиро ба хатар биандозад.

Бо ин ҳол иқдомоти Макрон ҳамчунон идома дорад. Вай дар тозатарин иқдом талош кардааст, ки маҳдӯуиятҳоро алайҳи мусулмонон ташдид намояд. Таҳияи оинномаи арзишҳои ҷумҳурихоҳона ва иҷбори раҳбарони гурӯҳҳои мусулмонии Фаронса ба имзои онро метавон намунаи боризи идомаи сиёсати исломситезии вай донист. Дарвоқеъ Макрон бо огоҳӣ аз таъсисгузории мусулмонон дар талош аст то фаъолиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ононро маҳдуд намояд; мавзӯе, ки на фақат барои мусулмонон, ки барои озодихоҳони ҷаҳон низ қобили пазириш нест.
 
Аз сӯи дигар амалкарди заифи Макрон дар мавзӯъоти сиёсӣ ва иқтисодӣ тайи солҳои ахир сабаб шуда то вай шанси каме дар интихоботи ояндаи ин кишвар дошта бошад. Аз ин рӯ раиси ҷумҳурии кунунӣ дар талош аст то иттихози мавозиъи тунд алайҳи мусулмонон, ҷараёнҳои ростгаро ва ифротии ҷомеъаи Фаронсаро ба самти худ сӯқ диҳад .

Лоран Мучилӣ, ҷомеъашиноси маркази миллии пажӯҳишҳои илмии Фаронса, дар ин замина мегӯяд : Эмануел Макрон ва  давлати ӯ ба далоили сиёсӣ, ба хусус ба далели интихоботи раёсати ҷумҳӯрии соли 2022 " вокуниш беш аз ҳад " нишон додаанд, Макрон бензин рӯи оташ мерезад; ӯ намехоҳад дар муқоиса бо ростгароҳо ва ростифротӣ ба назар бирасад, ки мавзеи дифоӣ ихтиёр кардааст. Ҳадафи аслии у интихоб шудани муҷаддад дар соли 2022 аст ба ҳамин ҷиҳат лозим аст, ки мавозиъи ростифротиро, ки мазмуни баҳси онҳо аз поёни қарни 19 муҳоҷират ва амният буда ихтиёр кунад.

 

Бештар бихонед: