Ноябр 22, 2020 19:24 Asia/Dushanbe
  • Тазриқи ваксинаи чинии корона ба як миллион нафар
    Тазриқи ваксинаи чинии корона ба як миллион нафар

Як ширкати дорусозӣ дар Чин аз тазриқи ваксинаи сохти худ ба як миллион нафар ба таври изтирорӣ хабар дод.

Ба гузориши Евро Нюз, ширкати доусозии "Синоформ" дар Чин эълон кард, ду ваксинаи озмоишии худ барои пешгирӣ аз ибтило ба бемории Ковид-19-ро то кунун ба таври "изтирорӣ" ба наздик ба як миллион нафар тазриқ кардааст.

Бо ин ҳол, ин ширкати давлатӣ то кунун додаҳои озмоиши болинӣ аз мизони короии ин ду ваксинаро мунташир накардааст.

Лио Ҷинг Жан мудир омили ширкати "Синоформ" гуфтааст: "то кунун гузорише мабни бар асароти ҷонибии шадид аз тазриқи ин ваксина дарёфт накардаанд."

Ширкати "Синоформ" ҳамчунин таъкид кард, ки то кунун ҳеч кадом аз афроде, ки васина ба онҳо тазриқ шуда, ба корона мубтало нашудаанд.

Ҳам акнун чаҳор ваксинаи чинӣ барои пешгирӣ аз ибтило ба бемории Ковид-19 ба марҳилаи саввуми озмоиши болинии рӯи инсон расидааст.  Марҳилаи саввум охирин марҳилаи пеш аз судури муҷаввиз барои истифода аз ваксинаҳо маҳсуб мешавад.

Ши Ҷин Пинг раиси ҷумҳури Чин ваъда додааст, ки ҳар кадом аз ваксинаҳои тавлидшуда дар ин кишвар "дороии умумии ҷаҳон" хоҳад буд. 

Бештар бихонед: 

 

Барчасп