Ноябр 29, 2020 12:30 Asia/Dushanbe
  • Конӯни аввалияи корона ба пурбоздидтарин шаҳри Чин табдил шуд

Шаҳри Вуҳан, ки конӯни густариши вируси корона дар ҷаҳон буд, акнӯн ба пурбоздидтарин шаҳри Чин табдил шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Вуҳан, ҷое, ки ҳудӯди як соли пеш нахустин бор вируси корона дар онҷо пайдо шуд, акнӯн дар канори иштиёқи мардум бо тадобире, ки мақомоти Чин бакор гирифтаанд ба пурбоздидтарин шаҳри ин кишвар табдил шудааст.

Одди шудани вазъияти зиндагӣ дар бештари шаҳрҳои Чин аз ҷумла Вуҳан ба унвони конӯни аввалияи шуюи корона  дар ҳоле аст, ки саросари дунё даргири мавҷи дувуми Ковид 19 шудааст ва ин мавҷ дар баъзе аз кишварҳо сахттар аз мавҷи аввал будааст.

Оморҳо ҳокист, устони Ҳубей ҳам, ки шаҳри Вуҳан маркази он аст аз замони иҷрои сиёсати тарвиҷи гардишгарӣ аз нимаи тобистони имсол токунӯн беш аз 53 миллион гардишгарро ҷазб кардааст.

Як сол пеш буд, ки давлати Чин шиносоии нахустин бемори мубтало ба коронаро дар ин шаҳр расман таъйид ва шаҳри 11 миллионнафарии Вуҳанро 60 рӯзи баъд, ҳудӯди 11 ҳафта ба таври комил карантин кард.

Ба дунболи дунболи ин иқдоми Чин, Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз амалкарди ин кишвар ташаккур кард ва онро беш аз ҳадди стандарт ва дар таърих бесобиқа тавсиф кард.

 

Сокинони шаҳри Вуҳан дар даврони карантин ҳатто барои хариди ғизо муҷоз ба хориҷ шудан аз хонаҳои худ набуданд ғизо ва маводи хӯрокии ҷилавӣ дари хонаҳо таҳвил дода мешуд. Мадорис ва бисёре аз мағозаҳо баста буданд ва хиёбонҳо холӣ аз худрав ва мардум буданд.

Аммо акнӯн бо гузашти як сол аз он замон, оморҳо ҳокӣист Вуҳан дар "ҳафтаи тиллоии рӯзи миллӣ", ки 1 то 7 октябр баргузор шуда аст, унвони пурбоздидкунандатарин шаҳри Чинро ба худ ихтисос додааст.

Дар он як ҳафта ҳудӯди 19 миллион нафар аз шаҳри Вуҳан боздид кардаанд ва ҳатто дар 19 октябр як арӯсии гурӯҳӣ бо ҳузури 38 завҷ дар ин шаҳр баргузор шуд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп