Ноябр 29, 2020 14:57 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷор дар Ғазнии Афғонистон 29.11.2020
    Инфиҷор дар Ғазнии Афғонистон 29.11.2020

Инфиҷори як мошини бомбагузоришуда дар вилояти Ғазнии Афғонистон дастикам 21 кушта ва даҳҳо захмӣ барҷой гузошт.


Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, субҳи имрӯз, якшанбе як мошини бомбагузоришуда дар як маркази низомӣ дар минтақаи Қалъаи Ҷавзи шаҳри Ғазнии Афғонистон мунфаҷир шуд, ки бар асари он то лаҳзаи мухобираи хабар дастикам 21 тан кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

Бо тавваҷуҳ ба афзоиши шумори захмиҳои ин ҳамлаи террористӣ мумкин аст шумори куштаҳо изофа шавад.

То кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷори террористиро бар уҳда нагирифтааст.

Аз оғози раванди музокироти сулҳ миёни давлати Ашраф Ғанӣ ва Толибон дар Қатар, ки бо бунбаст мувоҷеҳ шудааст, манотиқи мухталифи Афғонистон аз марокизи омӯзишиву донишгоҳӣ шоҳиди инфиҷорҳои паёпай ва ҳамалоти ракетӣ буда, ки садҳо куштаву захмӣ барҷой гузоштааст.

Бархе аз коршиносони масоили сиёсии минтақа ноамниҳо ва бесуботии Афғонистонро миеоси шум ва дастоварди ҳузури низомии шикастхурдаи 20 солаи Амрико дар Афғонистон ‌ме‌донанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп