Ноябр 29, 2020 16:14 Asia/Dushanbe
  • Писари ин мард гуфтааст, ки мо намедонем ҷасади чӣ касе сӯзонда шудааст
    Писари ин мард гуфтааст, ки мо намедонем ҷасади чӣ касе сӯзонда шудааст

 Марди ҳиндӣ, ки ҷасадаш пас аз марг сӯзонда шуда буд, ба хона бозгашт.

Ба гузориши Спутник, дар Ҳинд марди 75 сола, ки ба вируси корона мубтало шуда буд, як ҳафта пас аз марг ва сӯзондани ҷасадаш ба хона бозгашт.

Хонаводаи ин мард бо як ҳафта таъхир хабари марги ӯро дарёфт карда буданд.

Дар ин муддат ҷасади ӯ мутобиқи протоколҳо барои ҷилавгирӣ аз шуюи вируси корона нигаҳдорӣ ва чеҳраи ин мард аз фосилаи дур ба хонаводааш нишон дода шуд.

Наздикони вай ҷасадро сӯзонда ва омодаи маросими вижаи хоксупорӣ буданд, ки аз бемористон бо онҳо тамос гирифтанд ва эълом карданд, ки ин мард беҳбӯд ёфта ва бояд аз бемористон тархис шавад.

Писари ин мард гуфтааст, ки "мо шок ва мутааҷҷиб шудем ва намедонем ҷасади чӣ касе сӯзонда шудааст."

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп