Гузоришгарони бидуни марз хушунати "ғайри қобили қабули" полиси Франсияро маҳкум карданд
Созмони гузоришгарони бидуни марз, хушунати "ғайри қобили қабули" полиси Франсия алайҳи як аккоси суриягӣ, ки дар ҷараёни тазоҳурот алайҳи қонуни "амнияти умумӣ" ва хушунати полис дар Париж захмӣ шудааст, маҳкум кард.
Ба гузориши якшанбеи Ирна, як аккоси суриягӣ ба номи "Амир Ал-Ҳалбӣ" ҳамкори маҷаллаи "Полка" ва хабаргузори Франсия ,ки дар ҳоли пӯшиши даргириҳои полис ва мӯътаризон дар майдони "Бастилия"-и Париж аз ноҳияи сурат ба василаи калтакҳои полис ба шиддат захмӣ шуд.
Кристоф Делуар дабири Созмони гузоришгарони бидуни марз (RSF) дар саҳифаи Твиттери худ, зимни ибрози ҳамбастагӣ бо Ал-Ҳалбӣ таъкид кард: ин хушунатҳои полис ғайри қобили қабул аст.
Делуар бо киноя ба рафтори хашини полиси Франсия навишт: "сарзамини ҳуқуқи башар ба ҷои таҳдид бояд аз хабарнигорон муҳофизат кунад"
Ал-Ҳалбӣ барандаи чандин чоизаи байналмилалӣ аз ҷумла дуввумин ҷоизаи бахши " Spot News" барои аккосии хабарии ҷаҳон дар соли 2017 аст.
Аз назари гуруҳҳои маданӣ ва фаолони расонаӣ ин қонун, монеи ифшои ваҳшигарии нерӯҳои амниятӣ ва мутааққибан ноқизи ҳаққи озодии иттилорасонӣ аст.
Ба тозагӣ низ интишори видеое аз рафтори наҷодпарастонаи полиси Париж алайҳи як шаҳрванди сиёҳпӯст дар шабакаҳои иҷтимоӣ, президенти Франсия Эммануэл Макронро ба изҳори шармсорӣ аз ин иттифоқ водор кард.