Афзоиши эҳтимоли ихроҷи донишҷӯёни хориҷӣ аз донишгоҳҳои Русия
(last modified Mon, 30 Nov 2020 05:01:46 GMT )
Ноябр 30, 2020 10:01 Asia/Dushanbe
  • Пас аз густариши корона дар донишгоҳҳои Русия вазъияти душвор ба вуҷуд омадааст
    Пас аз густариши корона дар донишгоҳҳои Русия вазъияти душвор ба вуҷуд омадааст

Дар пайи идомаи густариши вируси корона донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд мумкин аст, ки аз ин донишгоҳҳо ихроҷ шаванд.

Ба гузориши  радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, дар пайи густариши корона вазъияти душворе дар донишгоҳҳои Русия эҷод шуда, марзҳои кишварҳо баста асту фақат ба бархе афрод иҷозаи вуруд ба ин кишвар дода мешавад.

Аз сӯи дигар бо таваҷҷӯҳ ба ин ки визои донишҷӯӣ содир намешавад, дар натиҷа бархе аз донишҷӯёни хориҷӣ ,ки наметавонанд вориди хоки федератсияи Русия шаванд дар воқеъ наметавонанд таҳсилоти худро оғоз кунанд.
 

Ин дар ҳоле аст ки созмондиҳии омӯзиш аз роҳи дур, ба вижа барои бархе риштаҳо ва тахассусҳо ҳамчун пизишкӣ ва театр комилан ғайримумкин аст ва дар натиҷа теъдоде аз донишгоҳҳо мавзӯи ихроҷи донишҷӯёнеро, ки дар классҳо ширкат намекунанд матраҳ кардаанд.
 
То ба имрӯз беш аз ду ҳазор донишҷӯи хориҷӣ аз давлати Русия хостаанд, ки ба онҳо иҷоза диҳад ба манзури таҳсил ба федератсияи Русияи ворид шаванд.
 
 Иван Мелников фаъоли ҳуқуқи башар ва вакили додгустарӣ дар Русия гуфтааст, ки вай дархости кӯмак ба донишҷӯёни хориҷии донишгоҳҳои Русияро ба муовини нахуствазир Татяна Гулико додааст.

 

Бештар бихонед: