Декабр 05, 2020 19:15 Asia/Dushanbe
  • Маҳбусон як қисми зиндони Ҳиротро дар ғарби Афғонистон оташ заданд
    Маҳбусон як қисми зиндони Ҳиротро дар ғарби Афғонистон оташ заданд

Зиндониён, бахше аз зиндони Ҳирот дар ғарби Афғонистонро ба оташ кашиданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Шафақна, пас аз ба оташ кашидани бахшҳое аз зиндони Ҳирот ба дасти зиндониён, нерӯҳои амниятӣ ҳамроҳ бо маъмурони оташнишонӣ худро ба маҳалли зиндон расонданд ва то лаҳзаи мухобираи хабар дар ҳоли маҳори ин оташ ҳастанд.

Ҷузъиёти бештаре аз ин хабар мунташир нашудааст.

Зиндони Ҳирот гоҳо шоҳиди шуриш, фирор ва даргирии зиндониён бо зиндониён аст, ки ин ҳаводис садҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп