Декабр 05, 2020 20:28 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимол бузургтарин пораи қайи наҳанг дар ҷаҳон ёфт шудааст
    Эҳтимол бузургтарин пораи қайи наҳанг дар ҷаҳон ёфт шудааст

Моҳигири тайландӣ бо пайдо кардани бузургтарин қитъаи қайкардаи як наҳанг, ки арзиши он ҳудуди 2/4 миллион фунт аст як шаба пулдор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сайёди хушбахти тайландӣ Нарис Сванасанги 60-сола тавонистааст дар баҳр порчае пайдо кунад, ки бо исми қаҳрабо  ё қайъи наҳанг маъруф аст, ки арзиши молии он то охири умр барои таъмини зиндагиаш ӯро дастгирӣ мекунад.

Ин модда, ки дар системаи гуворишии наҳанг ёфт мешавад ба унвони як моддаи гаронқиммат дар саноати атрсозӣ истифода мешавад.

Ҳар килограмм аз ин модда ба қиммати 23 ҳазору 740 фунт фурӯхта мешавад ва ин дар ҳолест, ки даромади моҳонаи моҳигири ин марди тайландӣ 500 фунт аст.

Қайъи наҳанг ба далели доштани спирти бебӯ, ки аз он истихроҷ мешавад мондагории роиҳаи атрро афзоиш медиҳад ва аз ин модда ба унвони як ганҷи дарёӣ ва тиллои шиновар ёд мешавад.

Ин эҳтимолан бузургтарин қитъаи қайъи наҳанг аст, ки дар ҷаҳон ёфт шудааст.

Ин моҳигири хуштолеи тайландӣ ҳангоме, ки ин сангҳоро дар соҳил пайдо кард ва ба хона бурд, сатҳи онро бо фандак сӯзонд ва ин иқдом сабаб шуд бӯи мушк аз ин қитъаи санг мунташир шавад.

Ба ин сурат ӯ мутаваҷҷеҳ шуд, ки санги боарзишеро кашф кардааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп