Духтари навҷавони гумшудаи англис дар байни арӯсҳои ДИИШ пайдо шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i59717-Духтари_навҷавони_гумшудаи_англис_дар_байни_арӯсҳои_ДИИШ_пайдо_шуд
Як духтари навҷавони англис, ки хонаводааш солҳо дар саросари Англия дар ҷустуҷӯи ӯ буданд пас аз 6 сол дар лагери арусҳои ДИИШ дар Сурия пайдо шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 08, 2020 11:25 Asia/Dushanbe
  • Насро Абукор дар лагери Ал-Ҳули Сурия нигаҳдорӣ мешавад
    Насро Абукор дар лагери Ал-Ҳули Сурия нигаҳдорӣ мешавад

Як духтари навҷавони англис, ки хонаводааш солҳо дар саросари Англия дар ҷустуҷӯи ӯ буданд пас аз 6 сол дар лагери арусҳои ДИИШ дар Сурия пайдо шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Мирор, Насро Абукор, ки аз издивоҷаш бо ДИИШӣҳо акнун як писари се сола дорад дар соли 2014 аз хонаи худ дар Луизиана нопадид шуд ва ҳоло дар маҳалли нигаҳдории арӯсҳои ДИИШ-ӣ дар лагери Ал-Ҳул дар шимоли шарқии Сурия. ки таҳти назорати нерӯҳои курд аст, пайдо шудааст.

 
Ин лагер ҳудуди 70 ҳазор паноҳҷӯ ва арӯси ДИИШ-иро дар худ ҷой додааст, ки бештари онҳо занону кӯдаконе ҳастанд, ки ба далели даргирӣ дар Сурия овора шудаанд, аммо ҳудуди 3 ҳазор нафар аз онҳо ҳамсарони аносури ДИИШ-ӣ ҳастанд.

Насро гуфтааст шаш сол қабл як унсури ДИИШ-ӣ аҳли шаҳри Кордии Англия вайро мутақоъид кардааст, ки ба Сурия сафар кунаду дар онҷо ӯ бо ҳамон мард издивоҷ кард ва ду фарзанд ба номҳои Форис ва Талҳа ба дунё овард, ки Форис дар як амалиёте кушта шуд.

Насро Абукор, ки ба хотири пайвастан ба ДИИШ ба далоили амниятии салб тобеъият шудааст, маъюсона бозгашт ба кишварашро хостор шудааст.

 

Бештар бихонед: