Тестҳои дурӯғини корона - дарди сари нави давлати Афғонистон
Декабр 08, 2020 17:53 Asia/Dushanbe
Натиҷаҳои дурӯғини озмоиши корона ба дарди сари тозае барои давлати Афғонистон табдил шудааст.
Дафтари матбуотии муовинати аввали раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи сешанбе эълом кард: “Дурӯғин будани натиҷаи тестҳои корона дар Афғонистон боиси лағв ё маҳдуд шудани теъдоде аз парвозҳои хориҷӣ шудаву аз сӯи дигар зарбаи бузург бар иқтисоди кишвар ворид кардааст”.