Шикасти Трамп аз «Тик - Ток»
Декабр 08, 2020 22:33 Asia/Dushanbe
Як қозии дигари амрикоӣ бо талоши Доналд Трамп барои мамнуъ кардани фаъолияти шабакаи иҷтимоии Тик - Ток дар Амрико мухолифат кард.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Карл Николс, қозии федерал дар Вашингтон ҳукми давлати Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрикоро, ки шабакаи иҷтимоии Тик - Ток (Tik Tok) - ро ба мамнуъ кардани фаъолияташ дар Амрико таҳдид мекард, лағв кард.
Карл Николс гуфт: «Кохи Сафед бо талош барои мамнуъ кардани Тик - Ток аз ихтиёроти худ фаротар рафтааст ва иқдомаш худсарона буд».
- Ҳудуди як моҳи пеш, тасмими мушобеҳе дар иёлати Пенсилвания гирифта шудаву додгоҳ бо маҳдуд кардани Тик - Ток мухолифат карда буд.
- Раиси ҷумҳурии Амрико моҳи августи 2020 ба ширкати чинии Byte Dance, ки соҳиби Тик - Ток аст, иттиҳоми ҷосусӣ барои давлати Чин зад ва маҳдуд шудани фаъолияти ин шабакаи иҷтимоӣ дар Амрикоро хостор шуд.
Ширкати чинии Байт Дэнс иттиҳоми ҷосусӣ барои давлати Чинро рад мекунад.
Тик – Ток дар Амрико 100 миллион корбар ва дар саросари ҷаҳон 700 миллион корбар дорад.
Бештар бихонед:
- Ақибнишинии Трамп дар бораи нармафзори чинӣ: Мамнуияти Тик – Ток ба таъхир афтод
- Канорагирии мудири шабакаи чинии Тик – Ток бо идомаи таҳдидҳои Трамп
- Тик – Ток аз Трамп шикоят мекунад
Барчасп