Пелоси: Трамп амнияти миллии Амрикоро батаври ҷидди ба хатар андохта аст
(last modified Mon, 26 Jun 2023 07:23:25 GMT )
Июн 26, 2023 12:23 Asia/Dushanbe
  • Пелоси: Трамп амнияти миллии Амрикоро батаври ҷидди ба хатар андохта аст
    Пелоси: Трамп амнияти миллии Амрикоро батаври ҷидди ба хатар андохта аст

Раиси собиқи маҷлиси намояндагони Амрико дар бораи иттиҳомоти ҷиноӣ Трамп гуфт агар вай дар таҳқиқоти санадҳои маҳрамона муҷрим шинохта шаваду батаври ҷидди амнияти миллии моро ба хатар андохта аст.

Нэнси Пелоси раиси собиқи маҷлиси намояндагони Амрико дар гуфтугу бо шабакаи “MSNBC” дар бораи ҷидди будани иттиҳомоти матраҳшуда зидди Доланд Трамп раиси ҷумҳурии собиқи ин кишвар ва эҳтимоли паёмадҳои ҷаҳони барои аъзои ҷомеъаи иттилоъотии Амрико ҳушдор дод.

Пелоси афзуд: Дар суратеки Трамп дар таҳқиқоти санадҳои маҳрамона муҷрим шинхота шавад вай ба таври ҷидди амнияти миллии моро ба хатар андохта аст аммо бо ин вуҷуд то замоне, ки гуноҳаш собит нашавад бегуноҳ аст.

Ба гуфтаи Пелоси шеваи бархурди Трапм дар мавриди иттиҳомот ва тахалуфоти вай дар бораи санадҳои маҳрамона беэҳтироми ба системаи қазоӣ кишвар аст.

Гуфтамешавад Трамп ба 37 иттиҳоми ҷиноӣ федерол муртабит бо нигаҳдории санадҳои табақабандишуда ва монеъшудан аз таҳқиқоти федерол ва ҳифзи амдии иттилоъоти амнияти мутаҳам шуда аст.