Кашфи сарнахҳое аз иллати бемории ношинохта ва маргбори ҷадид дар Ҳинд
Охирин баррасиҳо нишон медиҳад, бемории мармузе, ки ахиран дар Ҳинд мушоҳида шуда, эҳтимолан ба масмумият бо фулузоти сангин иртибот дорад.
Ба гузориши расонаҳои Ҳинд, дар намунаи хуни дастикам 10 тан аз ин беморон асари вуҷуди фулузоти сангин монанди сурб ва никел ёфт шудааст.
Дар рӯзҳои гузашта аввалин маворид аз мубтало шудан ба навъе бемории ношинохта дар Андҳра – Прадеши Ҳинд мушоҳида шуд.
Беморон дучори нишонаҳое ҳамчун ҳолати таҳавуъ, изтироб, ташаннуҷ ва аз даст додани ҳушёрӣ буданд, аммо натиҷаи тести Ковид 19 дар онон манфӣ будааст.
Бар асари ин бемории ношинохта, ки аз рӯзи шанбе густариш пайдо кардааст, токунун як нафари ҷон бохтау ва 350 нафар низ дар бемористон бистарӣ шудаанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Густариши бемории ношинохта ва маргбор дар Ҳинд
- Афзоиши шумори мубталоён ва ҷонбохтагони вируси корона дар Ҳинд ва Афғонистон