Сафари Ал Сисӣ ба Фаронса ва мавҷи эътирозот
Тайи чанд рӯзи ахири сафари Абдулфаттоҳ Ал Сисӣ, раиси ҷумҳури Миср ба Фаронса ва дидори вай бо Эммануэл Макрон, раисиҷумҳурии ин кишвар хашми тарафдорони ҳуқуқи башарро барангехта аст. Дар ин росто садҳо фаронсавии муътариз зимни таҷаммуъ дар баробари сохтумони порлумони ин кишвар, сафари раисиҷумҳури Миср ба Порисро маҳкӯм карда ва таъкид карданд, ки Ал Сисӣ «масъӯли нақзи ҳуқуқи башар ва саркӯби ваҳшиёнаи мухолифон» аст.
Ин сафар дар ҳоле сӯрат мегирад, ки мавозеъи мутазоди мақомоти Фаронса бавижа тайи моҳҳои ахир хабарсоз шудааст. Мақомоти Фаронса солҳост бо иддаои эҳтиром ба озодӣ, демократия ва тавваҷӯҳ ба ҳуқуқи башар, кишварҳои бисёреро мавриди шамотат(маломат) қарор дода ва ҳатто то таҳриму қатъи робита бо бархе кишварҳои ба истилоҳ ноқизи ҳуқуқи башар низ пеш рафтаанд, чунон ки тайи моҳҳои ахир, дар мавзӯи эътирозоти Беларус, низ кишварҳои аврупоӣ бавижа Фаронса мавзеи тунде гирифта ва таҳримҳоеро низ ба баҳонаи нақзи ҳуқуқи башар эъмол карданд. Ин мавозеъ дар ҳоле аст, ки мусулмонони Фаронса тайи моҳҳои ахир ба шиддат таҳти фишор қарор гирифта ва ба муқаддасоти онҳо тавҳин шудааст ва мақомоти Фаронса бавижа Макрон низ ба баҳонаи дифо аз озодӣ ва ҳуқуқи башар аз он дифо кардаанд.
Акнун низ дар мавзӯи Миср бо вуҷӯди инки Ал Сисӣ ба далели саркӯби густардаи мухолифон, аз ҷумла гурӯҳи Ихвонулмуслимин, бо интиқодоти густардаи ниҳодҳо ва фаъолони ҳуқуқи башар дар дохилу хориҷи ин кишвар мувоҷеҳ аст, мавриди истиқболи Макрон қарор гирифтааст. Давлати Фаронса на танҳо ваъдаи ҳамкорӣ ба Миср дода, балки фурӯши силоҳ низ дар барнома қарор гирифта аст, мавзӯе, ки беш аз пеш хашми ниҳодҳои башардӯстонаро барангехта аст.
Antoine Madeleine аз масъӯлони Иттиҳодияи байналмилалии ҳуқуқи башар дар ин замина мегӯяд: “гузоришҳои мо нишон медиҳанд, ки таслиҳоти фаронсавии фурӯхта шуда ба Қоҳира, то чӣ андоза ва чигуна тавассути мақомоти Миср барои саркӯби муътаризон мавриди истифода қарор гирифтааст”.
Чандгонагии ҳарф ва амали кишварҳои аврупоӣ дар мақӯлаи ҳуқуқи башар
На танҳо Фаронса, балки дигар кишварҳои аврупоӣ низ дар ҳарфу амал дар мақӯлаи ҳуқуқи башар ва амал ба шиори демократия чандгона рафтор мекунанд. Дар воқеъ манофеъи тиҷорӣ ва иқтисодии кишварҳои ғарбӣ бар ҳар мавзӯе арҷаҳият дорад, чунон ки сарони кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико ва Фаронса дар солҳои ахир ҳамвора аз таъминкунандагони силоҳ барои режимҳое буданд, ки аз ноқизони аслии ҳуқуқи башар маҳсӯб мешаванд. Барои намуна дар ҷанги Яман, Амрико ва муттаҳидонаш миллиардҳо доллар силоҳ ба кишварҳои узви эътилофи Сауъдӣ, аз ҷумла худи Арбистон ва Иморот фурӯхтаанд. Ин дар ҳоле аст, ки бисёре аз созмонҳо ва ташаккулҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони байналмилалӣ «Oxfam», Афви байналмилал ва бисёре дигар токунӯн борҳо аз Амрико ва муттаҳидонаш хостаанд, ки фурӯши аслиҳа ба Арабистони Саъудӣ ва тарафҳои дар ҳоли ҷанг дар Яманро мутаваққиф кунанд.
Бино бар гузоришҳои байналмилалии мунташир шуда, аз ҷумла гузориши«Муассисаи сулҳи Франкфурт» дар ҳоле, ки бар асоси меъёрҳои Иттиҳодияи Аврупо, дарёфткунандагони таслеҳот бояд ба ҳуқуқи башару қавонини байналмилалӣ эҳтиром гузошта ва аз сулҳу субот муҳофизат кунанд, кишварҳои аврупоӣ дар фурӯш ба кишварҳои ноқизи ҳуқуқи башар аз якдигар сабқат мегиранд.
Акнун раисиҷумҳури Фаронса дар ҳоле фарши қирмиз барои Ал Сисӣ паҳн кардааст, ки беш аз 60 ҳазор зиндонии ақидатӣ-сиёсӣ дар зиндонҳои Миср ҳастанд ва бисёре аз гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ нисбат ба адами тавваҷуҳи давлати Миср ба ҳуқуқи онҳо ҳушдор додаанд. Бо ин ҳол, ба назар мерасад, Макрон ин бор ҳатто жестҳо ва иддаоҳои дуруғини дифо аз ҳуқуқи башарро низ пойи қарордодҳои фурӯши силоҳу манофеъи иқтисодии ношӣ аз он, қурбонӣ кардааст. Ба гӯнае, ки вай бидуни ҳеч пардапӯшӣ эълом кард, Фаронса фориғ аз мавзӯи ҳуқуқи башар дар Миср ба ин кишвар силоҳ мефурӯшад.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Гузориши вижа: шухиҳои торих дар дидори раисони ҷумҳурии Фаронса ва Миср
- Дифои раисиҷумҳури Фаронса аз озодии куфргӯӣ
- Мавҷи ҷадиди эътирозот дар Фаронса дар мухолифат бо лоиҳаи амнияти ҷомеъ