Оризаҳое, ки барои 4 довталаби ваксинаи коронаи Pfizer рух дод
Созмони ғизо ва доруи Амрико ҳушдор дод, ки чор ширкаткунанда дар озмоиши ваксинаи Ковид-19 ширкати амрикоии Pfizer ба фалаҷи рӯй мубтало шудаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамои шабакаи хабарии Ал-Олам, асноди созмони ғизо ва доруи Амрико нишон медиҳад, ки дар марҳалаи 3 озмоиши ин ваксинаи корона, дар 4 ширкаткунанда фалаҷи муваққати рӯй ба номи фалаҷи белз Bell's Palsy рӯй дода дар ҳоле, ки дар ҳеч як аз гурӯҳи дарёфткунандаи дорунамо, таъсири манфии мушобеҳе мушоҳида нашудааст.
Дар ҳамин робита нозирони Британия ҳам ҳушдор додаанд, ки афроди даргир бо анвоъи ҳассосиятҳо набояд ваксинаи Ковид-19 дарёфт кунанд.
Фалаҷи "белз" маъмулан шабеҳи сакта асту сабаби заъфи ногаҳонӣ дар мушакҳои рӯй ва дар натиҷа афтодагии ниме аз рӯй мешавад.
Агарчи ҳанӯз иллати дақиқи ин беморӣ мушаххас нест, аммо маъмулан худ ба худи беҳбуд меёбад.
Бо ин ҳоли ин ваксинаи коронаии Pfizer аз созмони ғизо ва доруи Амрико таъйиди хубе дарёфт карда ва мушаххас шудааст, ки ин ваксина баъд аз дувумин дозаи дарёфт, 95 дарсад муассир будааст.
Бештар бихонед: