Марги нахуствазири Эсватини бар асари Ковид-19
Сарвазир Эсватини (Свазиленд) , ки ба иллати гирифтор шудан ба ба корона дар беморхонаи Африқои Ҷанубӣ бистарӣ буд, даргузашт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Фаронса, давлати Эсватини (собиқ Свазиленд) хабари даргузашти нахуствазирро дар баёнияе эълом кард.
Имрӯз сарвазири 52 солаи ин кишвар Амброз Дламини аз аввалҳои декабр ва ду ҳафта пас аз эъломи мусбат шудани озмоиши короноиаш бистарӣ шуда буд.
Темба Масуку муовини нахуствазири ин кишвар бидуни ишора ба ҷузъиёт гуфт Дламини баъд аз зуҳр рӯзи якшанбе дар бемористоне дар Африқои Ҷанубӣ даргузашт.
Вай, ки тоҷир буд дар октябри соли 2018 нахуствазири кишвараш шуд.
Аз оғози густариши вируси корона дар ҷаҳон, дар кишвари Эсватини наздик ба як миллиону 140 ҳазор нафар ҷамъият 6 ҳазору 768 нафар мубтало ва 127 нафар бар асари Ковид-19 ҷон бохтаанд.
Бештар бихонед: